(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо самимияти афзун кулли ҳамдиёронро ба муносибати Рўзи Парчами давлатӣ, ки симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд, табрик гуфта, бароятон хонаи обод ва рўзгори пурсаодатро орзу менамоям.

Таҷлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нишони садоқати имрўзиён ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаланд, арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ мешавад ва он барҳақ, таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад.

Парчами давлатӣ нишони ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дорои муқаддасоти миллӣ: Нишон, Суруди миллӣ, Парчам, Конститутсия, Забони давлатӣ ва пойтахти худ – шаҳри Душанбе аст, ки гиромидошту эҳтироми он қарзи ҳар як сокини ватандори кишвар аст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст».

Аз рўзе, ки миллати соҳибфарҳанги мо соҳиби Парчами давлатӣ гардид, то имрўз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии кишвари азизамон дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд.

Қабули Парчам ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд.

Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши арзишманд бозид.

Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ дар он шабу рўзҳои тақдирсоз тавонист, ки эҳсоси гарми ватандориро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор созад ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами мо миллатамонро ба сўи фардои ободу осуда раҳнамоӣ кунад.

Мардуми шарифи кишвар ва аз он ҷумла шаҳри Хуҷанди бостонӣ таҳти Парчами давлатӣ раванди ободкориву созандагиро оғоз намуда, то ба имрўз тибқи нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони истиқлолият содиқона заҳмат кашида истодаанд.

Боиси шарафмандии мост, ки имрўз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи биноҳои бонуфузтарин созмонҳои байналмилалию умумиҷаҳонӣ, ки кишвари мо ба онҳо узвият дорад, парафшонӣ мекунад. Ин амал шаҳодати он аст, кишвари мо рўз аз рўз дар миқёси ҷаҳон нуфузи бештар ёфта истодааст, ки боиси ифтихору рўҳбаландии тоҷикони дунё мебошад.

Имрўз шукронаи давлати соҳибистиқлоламон аст, ки Парчам тавассути амалҳои созандаву ободгаронаи фарзандони ватандўсту бонанги мо дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба вожаи воқеан муқаддас табдил ёфтааст.

Бори дигар ҳамшаҳриёни азизро ба ифтихори Рўзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, бароятон саодати рўзгор, сиҳатмандӣ ва иқболи баланд орзу менамоям.

Рўзи Парчами давлатӣ муборак!