(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЯк нишони Ватан парчам аст,

Шаъну шони Ватан парчам аст.

Қудрати парчам лашкар аст,

Шавкати кишвар аз парчам аст!

Ҳар соли давраи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин воқеаҳои сиёсиву иқтисоди ва иҷтимоиву фарҳангиро фаро гирифта, ба солномаи музаффариятҳои Давлати тоҷикон ворид мешавад. Таҷлили Рўзи Парчами давлати бо ибтикори Сарвари кишвар воқеаи муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон гардидааст.

Дар таърихи башарият парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдори истифода мешуд. Миллати тоҷик, ки дорои таърих ва суннатҳои қадимаи давлатсозиву давлатдори мебошад, аз давраҳои бостони соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси онҳо буд. Пайдоиши парчам таърихи хеле қадима дошта, парчамдорӣ барои аҷдодони мо ҳанўз аз замони Сосониен ҳусни оғоз ёфтаааст. Парчам аз рўи асари безаволи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ баъд аз он ки Коваи оҳангар пешдомани сурхи чарминашро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза ба муқобили душман даъват намуд. Мардум дар зери ин парчам, ки бо номи “Дирафши Ковиён”машҳур аст, ҷамъ омаданд ва барои озодӣ, давлату давлатдорӣ мубориза бурданд. Имрўзҳо низ “Дирафши Ковиён” дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо инъикос ёфтааст.

Миллати тамаддунсози тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихи соҳиби парчамҳои бисёру гуногун буд. Таърих гувоҳ аст, ки парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон, алалхусус дар замони давлати овозадори Сомониён таҷассуми давлату давлатдории ин миллати куҳантаърих буд.

Бояд қайд намуд, ки 24 – ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро қабул кард ва бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

Аввалин маротиба Парчами Ватани соҳибистиқлоламон қасри Арбоб парафшонӣ кард.

12 – майи соли 2007 пас аз баррасӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумиҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар ба зери Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузошт. Боби дуюми ин Қонун «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном гирифта, аз ду модда: 1. Тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2. Ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Дар қонуни мазкур тамоми қоидаҳои марбут ба муносибат ба Парчами давлатӣ ва истифодаи он муайян шудааст.

Ба нӯги найзаҳо сарҳо фитода,

Сабо гесӯи парчамҳо кушода.

Тибқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 – декабри соли 1999 тасдиқ шудааст; Парчами давлатӣ матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи ранга ба таври уфуқӣ кашида шудааст; рахи боло ранги сурх – таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият буда, он маънои шуои офтоб, рамзи равшанӣ, сурхрӯӣ, дониш, таърих, фарҳанг, фатҳу нусрат, ифтихор, матонату шуҷоат ва соҳибистиқлолиро дорад.

Ранги дуюм – ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёти дурахшон, сулҳу суббот, покизагӣ, осоиштагӣ, шири поки модар, одоби ҳамидаи инсонӣ, виҷдону дили пок, имони комил, эътимоди қавӣ, роҳи сафед ва бещубории рӯзгор аст.

Ранги сабз – рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани кишварамон, рамзи табиати ҳамешабаҳор, толеи баланд, баҳор, Наврӯз, файзу баракат, ҷавонӣ, зебоӣ ва рамзи дини мубини ислом мебошад.

Бояд гуфт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва нақши хосаи худро дар давлатдорӣ, дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа дорад. Бинобар ин мо бояд Парчамро ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат эҳтиром ва қадршиносӣ намоем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо побарҷо бошад. Имрўз ифтихор аз рамзҳои зеҳни шуури тамоми ҷомеаро фаро гирифтааст ва метавон гуфт, ки ин эҳсоси гарми ифтихор дар таҳкими сулҳу субот, дўстиву якдили ва ваҳдати халқи азизамон нақши барҷаста дорад”.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоиштаву меҳнатдўстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи фардо ва лоиқи эҳтироми ҳар як шахс мебошад.

Манзура Ёрматова, 
сарвари МТМУ №27-и ша
ҳри Хуҷанд