(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДирӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз раванди сохтмони иншооти дар шаҳр бунёдшаванда боздид ба амал овард.

Роҳбари шаҳр нахуст аз раванди бунёди гузаргоҳи зеризаминии кӯчаи Шарқи мавзеъи Панҷшанбе дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар гузаргоҳи зеризаминӣ корҳо вусъат бахшида шуда, дар се баст беш аз 20 нафар сохтмончиён кору фаъолият доранд.

Гузаргоҳи зеризаминӣ бо паҳноии 15 метру дарозии 250 метр бунёд шуда, дар он сохтмони беш аз 70 нуқтаи савдо пешбинӣ гардидааст. Интизор меравад, ки болопӯши асосии гузаргоҳи зеризаминӣ даҳаи аввали моҳи декабри соли равон анҷом мепазирад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ дастур дод, ки ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо тадбирҳо андешанд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба суръатббахшии корҳо дар қисмати асосии бунёди гузаргоҳи зеризаминӣ дода шуд. Таъкид шуд, ки хар чӣ зудтар барои равуои бемайлони мардум шароит муҳайё карда шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд