(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар МТТ №13-и шаҳри Хуҷанд байни муассисаҳои томактабӣ бо мақсади баланд бардошти ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ, дуруст истифода бурдани маводи расмкашӣ озмуни шаҳрии “Парчами мо-Парчами иқболи мо” баргузор гардида, ғолиб муайян шуданд.

Бо намояндагӣ аз тарбиятгирандагони 38 адад муассисаҳои томактабии шаҳр маҳорати эҷодии худро дар назди ҳакамон бо тасвири Парчам ва дигар супоришот иҷро намуданд.

Ҳамин тавр, тибқи баҳои ҳакамот шоҳҷоиза насиби Меҳрона Тоҳирова (МТТ №12) гардида, ҷойи якумро Шаҳзода Ҷӯрабоева, мақоми дуюмро тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои №32, 33 ва се зинаи сеюмро муассисаҳои томактабии №20, 16 ва 37 ба даст оварданд. Ғолибон бо диплом шуъбаи маориф қадршиносӣ гардида, ба иштирокчиёни фаъол сипосномаҳо тақдим шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд