(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз беш аз 30 ҳазор нафар шаҳрвандони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд ба муносибати ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқии обии «Роғун» роҳпаймоии идона намуданд. Роҳпаймоӣ аз Муассисаи давлатии Маҷмааи «Истиқлол» то идгоҳ яъне назди театри Камоли Хуҷандӣ тӯл кашид.

Воқеан ҳам Роғун ба манбаи нуру рўшноӣ, ободонию созандагӣ, маншаи некўаҳволӣ ва дастовардҳои беназир аст. Илова бар ин, садди «Роғун» имкон медиҳад, ки оби пургили Вахши саркаш такшон шавад ва сипас дар шакли мусаффо, ба таъбири устод Турсунзода, «бар сари дашту деҳоти Тоҷикистон» ва кишварҳои дўсту бародари ҳамсояи он «рез-рез» шавад. Ин вазъияти хотирмон моро рўҳбаланд месозад, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва қарзи шаҳрвандию фарзандӣ водор мекунад, ки мо ин ватанро беш аз ҳарвақта дўсттар дорем ва ҳар рўз бештар аз пештар фаъолият кунем, то пирўзӣ насиби орзуву ормонҳои миллати тоҷик ва кишвари маҳбубу азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. alt Аммо дар бобати дурнамои рушди устувори ҷумҳурӣ бо итминон гуфта метавонем, ки баробари ба кор даромадани чархаи якуми НБО «Роғун» ҷомаи амал пўшидани мақсаду вазифаҳои дар платформаи се ҳадафи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар пешбинишуда, бахусус истиқлолияти энергетикиро барои миллату давлати Тоҷикистон татбиқи амалӣ мебахшад.

РОҒУН! Ҳанӯз Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар оғози бунёд буд, ки ин вожа бо ҷилои дурахшонаш дилу ҷони мо, роҳи имони моро рӯшан мекард.

Ҳанӯз Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор оғоз накарда буд, ки ин вожа бо гармии умедбахши худ хонаҳои моро дар сардиҳо гарм медошт, зеро дилу ҷони моро гарм карда буд.

Вожае, ки дар худ армони ҳазоронсолаи як халқи равшанравонро инъикос кард.

Вожае, ки дурахши меҳр, муҳаббат ва самимияти як миллат гардид.

Вожае, ки ба мо бовар бахшид ва раҳнамоямон ба сӯи оянда шуд.

Роғун! Вожае, ки чун қасам дар забони халқи мо садо дод. Қасами муҳаббат, қасами садоқат, қасами ватандорӣ!

Роғун! Ангезаи эҷод, заминаи бунёд, таровати имдод, чӣ маъниҳое, ки ин як вожа аз ниҳоди худ ба мо бикшод.

Дар ин вожа садоқат ба Ватан, муҳаббат ба озодӣ ва эътимод ба Истиқлолияти давлатӣ падидор гардид. Зеро дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» халқи некманиш ва заҳматпарвари мо дурахши наҷоти худро дарёфта буд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд