(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Хуҷанд ва ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳибкории занон, ҳунарҳои мардумӣ ва масоили гендерӣ семинари омӯзишӣ аз рӯйи лоиҳаи «Тренингҳои иттилоотӣ оид ба убури сарҳад» бо иштироки занони соҳибкор баргузор гардид.

Дар нишаст доир ба қоидаҳои гузаргоҳҳо ва убури сарҳад дар асоси Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи таъғироту иловаҳои воридшуда ба Кодекси андози мамлакат, талаботи Маркази санитарию эпидемологӣ ба маҳсулотҳои воридоту содиротӣ, паст намудани хавфи қонуншиканӣ дар савдои сарҳадӣ, бехатарии занони соҳибкор дар убури сарҳад, беҳтар намудани сифати маҳсулоти занони ҳунарманд бо роҳи барпо намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо таъминкунандаи ашёи хом, дарёфт намудани бозори нав барои истеҳсолкунандагони маҳсулотҳо ва ғайра аз ҷониби масъулин ва мутахассисон машғулиятҳо гузаронида шуд.

Дар анҷоми семинар таъкид шуд, ки бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Хуҷанд ва ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар оянда низ баҳри ба роҳ мондани робитаҳо байни занони соҳибкор, ҳунармандон, кормандони гумрук, санитарию эпидемологӣ, андоз ва ҳукуматҳои маҳаллӣ чунин нишасту вохӯриҳоро мунтазам мегузаронанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд