(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altНОБ-и Роғун партави нуру зиёи тоҷикон,
Парчами Тоҷикистон кард ҷилвагар андар ҷаҳон. 
Бунёдаш гаштааст шоҳкории асру замон,
Чунки гаштааст обод бо дасти фотеҳони ҷавон.
Баҳри бунёдаш шабу рӯз фотеҳон карданд кор,
Дар сарду гармии зиндагӣ лаҳзае роҳат надиданд. 
Дошт умедҳо тоҷикон баҳри бунёдаш басе,
Баъди бунёдаш ҳазорон манфиат хоҳад бидид. 
НОБ –и Роғун барқи даҳру барқи тоҷик гаштааст,
Қандили кошонаҳо пур аз зиё гардидааст. НОБ – и Роғун буд иқдом аз Пешво – Эмомалӣ Раҳмон, 
Кунун бингар, ки иқдомаш саранҷом гардидааст.
Бубин кунан гашт бунёд НОБ – и Роғун дар ҷаҳон,
Гаштааст ӯ болу пар бар тамоми тоҷикон.
Кунун ҳеҷ ташвише аз барқи тоҷик нест, нест,
Пур аз нуру зиёву равшанист ҳар хонадон!

Наргисаи Мӯҳсинзода
хонандаи синфи 8 «в»
МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд