(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИҷлосияи ХУI -уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби нерўҳои солимфикри ҷомеа баргузор гардид, имконият дод, ки Тоҷикистон соҳиби Ҳукумати қонунӣ гардад ва тоҷикон роҳбару Пешвои хешро интихоб намоянд. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон буданд. Бори аввал дар таърихи навини давлатдории халқи тоҷик шахсе ба маснади давлат баромаданд, ки воқеан миллӣ ва аз миёни халқи заҳматкаш буданд ва аз орзуву ормон ва дарди миллат воқиф буданд. 

Аз он давраи ҳассос ва тақдирсоз, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварии ҷомеаро ба ўҳда доранд, бо равшанӣ маълум гашт, ки ин марди сарсупоридаи миллат дар сиёсат аз истеъдоди фитрӣ ва аз сифатҳои муҳими сиёсатмадори барҷаста бархўрдор ҳастанд. Садоқат ба халқу Ватан, сабру бурдборӣ, эҳсоси дарки авзоъ ва ташхиси иллатҳои он ва истеъдоди интихоби тадбирҳои муфиду муассир ба вуҷуд овардани ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва дўстию бародарии кулли афроди Тоҷикистонро ҳадафи тамоми умри хеш қарор додаанд. 
Президент хоҳ дар боби сиёсат, хоҳ роҷеъ ба иқтисодиёт, хоҳ оид ба илму фарҳанг изҳори назар бисозанд, дар пеши чашмони мо чеҳраи як нафар сиёсатмадори оқилу дурандеш, марди донишманд ва фарҳангӣ падидор мешавад. 
Масъалаи бунёди НБО «Роғун» бо чунин шаҳомати хосса, ки дар минтақа назир надорад, аз сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат арзёбӣ мегардад. Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ки марбут ба бунёди НБО «Роғун» буд, моро ба ин рӯзҳои неку самаровар оварда расонид.
Дар ин давраи таърихӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баромад намуда, аҳамияти ин иншоотро барои тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон шарҳ дода, дар ҷаласаҳои минтақавӣ аз он дифоъ кардаанд. Ҳамзамон доир ба тавсеаи ин лоиҳаи нафъовар ба аксари ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ гузориш манзур карда, нақши бузурги ин иншоотро дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллии Ватани маҳбубамон муҳим арзёбӣ намудаанд. 
Нақши беназир доштани ин кохи муҳташами нурро ба инобат гирифта, Пешвои миллат дар назди ин сохтмони аср Шўрои нозиронро бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис намуданд ва ин Шўроро вазифадор карданд, ки ҳар моҳ бо кору фаъолияти сохтмончиёни Роғун шинос шуда, аз натиҷаи заҳмату талошҳои онҳо ба Роҳбари давлат мунтазам гузоришҳои шифоҳию хаттӣ пешниҳод намояд. Дар ин асос кори ҳаррўзаи сохтмончиёни НБО-и «Роғун» зери назорат қарор дода шуд ва ҷараёни сохтмон вусъати тоза касб кард.
Сохтмончиёни «Роғун» хуб медонистанд, ки бунёди ин иншоот зери назорати бевоситаи Президенти мамлакат қарор дорад, аз ин рў бо ғайрати дучанд заҳмат мекашиданд. Коргарони баору номус ва қавииродаи Роғун ба Сарвари давлаташон ваъда доданд, ки аз уҳдаи ҳама гуна нақбканиҳои вазнин мебароянд ва корҳоро бо сифати баланду сари вақт иҷро мекунанд.
Воқеан ҳам оғози корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» натиҷаи талошҳои байналмилалӣ ва дипломатияи оби Пешвои миллат мебошад. Пешвои миллат Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро иншооти стратегӣ барои бақои давлат номидаанд. Ин неругоҳ дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 агрегат иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди Неругоҳи барқии оби «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди гиливу сангӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард кВт/с дар як сол) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардида, ба инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшида шавад.
Ҳар суханронӣ, ҳар мулоқот, ҳар амали Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳ дар қаламрави ҷумҳурӣ, хоҳ дар хориҷи он намунаҳои дурахшон, воло ва ибратбахши ватандорӣ, ифтихори миллӣ, башардўстӣ ва сулҳҷўии мо тоҷикон мебошанд.

Манзура Ёрматова,
сарвари МТМУ №27-и ша
ҳри Хуҷанд