(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

 

Ба ҷаҳониён маълум аст, ки Тоҷикистон санаи 16-уми ноябри соли ҷори туй дорад, яъне кушодавии фаъолияти НОБ-и Роғун, ин рўзи таърихиро миллати тоҷику тоҷикистониён солҳои зиёд мунтазираш буданд, акнун ин рўзи фараҳбахш фаро мерасад ва номи миллати тоҷик ва сарвараш ҷоҳони мешавад.

Бояд қайд намуд, ки Кабири ва ҳаммаслакони ў дар хориҷи мамлакат истода ба мурдуми тоҷик санг мезаданд, ки ҳеҷ гоҳ Роғун сохта намешавад. Аммо мардум дар фазои осоиштаги ба ин рўзи таърихи расиданд, онҳо шукронаи истиќлолият ва сарвари дурандеши давлат мекунанд.

Албатта, ин шодии мардуми кишвар ба Кабирию дигар наҳзатиҳои хоин ва хоҷагони онҳо маќбул нест, лекин ин ҳасудон дигар илоҷе надоранд ба ҷузъ дуруғу буҳтонзаданҳо бар зидди миллати худ.  Сад афсӯс, ки онҳо аз миллати тоҷик ҳастанд номус надоранд ва ба хотири зиндагии хуб дар хориҷ, соҳиб шудан ба маблағҳои муфти хоҷагонашон, ба як ишораашон лабай мегӯянду ҳарчи супориш доданд бар зидди миллати худ раво медонад. Барои ин беномусон минбар, симо, садо ва ВАО-ро дар ихтиёр додаанд то ки онҳо ба мардуми худ санг зананд.  Аслан ин наҳзатиҳо ҳадафи ободӣ ва некуаҳволии кишвару миллатро надоранд, корашон ҷуз дуруғу буҳтонҳо дигар чизе нест. Наход ин миллати асрҳо шӯҳратёр то ба ин андоза чуни ашхоси мардумозору дуруя ва чоплус ба монанди Кибириву дигар наҳзатиҳои нокасу манфур дорад.

Имрӯз мардуми кишвари азизамон аллакай дарк кардаанд,  ки Кабири чоплуси хоҷагони хориҷи буда,  дар тули таърихи фаъолияти худ кори хубе ба аҳолии мамлакат накардааст, ба ҷузъ бозиҳои сиёсию ҷангу хунрези. Хиёнати Кабирию ҳаммаслаконаш, ки онҳо нисбати давлату миллати Тоҷикистон кардаанд, бахшидани нест. Он рўз ҳам дур нест, ки ин Кабири ва дигар хоинони миллатро хоҷагонашон ба нести расонанд, чунки онҳо нағз медонанд ашхосе, ки ба миллати худ хиёнат кардааст барои соҳиб гаштан ба маблағҳои пули, дер ё зуд нисбати дигарон низ онро раво мебинанд. Аз рўи маќоли халќи «Хас каму ҷаҳон пок».

 

Ҳамин нуќтаро бояд зикр кард, ки ќувваи ин миллат имону виҷдон ва дӯстдории Ватани азизаш Тоҷикистон ҳаст ва ҳеҷ қувваву нерӯ  дар муқобили ин миллат истодагари карда наметавонад. Ҳамин ҳамбастаги якдигарфаҳми буд, ки мо тоҷикон бо маќсади деринаи худ ба истифода додани НОБ-и Роғун расидем ва барои насли оянданамунаи ибрат мебошад ин корнамоиҳои миллати мо дар таърих сабт мегардад.

 

Фаррухи Фаридун, рўзноманигори масолили сиёси