(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt«Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон хоҳад дод» (Эмомалӣ Раҳмон).

Имрӯз мавзӯи бунёди Кохи нури Тоҷикистон ба шиори рӯз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату наҷод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр таваҷҷӯҳи хоса дорад. 
Нерӯи зеҳнии Ҳукумати кишвар мисли Шамси тобон гашта, фазои бедории афкори оммаро равшан намуд. Халқ зарурати Роғунро хуб дарк намуда, ҳамраъйии худро нисбати Ҳукумат бо ҳамовозии аниқ нишон дод. Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарк доданд. Ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори нерӯгоҳ заҳмат кашида, бо ғурури рустамона ва ҳиммати Фарҳодона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани Роғун тадбирҳои муассир андешиданд.
Имрӯз миллати тоҷик роҳбару роҳнамо, роҳбаладу сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорад, ки як миллати бузургро роҳбаладӣ менамояд. Имрӯз миллати тоҷик давлати абарқудрат, демократӣ, дунявӣ, созанда ва ҳуқуқбунёд дорад. Имрӯз ин миллат муқаддасоти бузурги давлаташро эътироф мекунад. Имрӯз мардуми тоҷик ба бунёди иншоотҳои бузурги аср ба мисли нерӯгоҳи обии барқи Роғун машғул аст. 
Имрӯз мо дар арафаи кушодашавии агрегати аввали ин нерӯгоҳи барқӣ истодааем. Хурсанд аз он ҳастем, ки ба истифода шудани ин нерӯгоҳ истиқлолияти энергетикии кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳон маъруфу машҳур месозад. 
Халқи бузурги тоҷик ба қофияи нури маънӣ радифи нури барқро зам намуда, ғазали сабти рӯшноиро ба ҷари олам эҳдо хоҳад кард: 
Дирӯз бикард оғоз,
Ин мардуми некӯкор.
Бо роҳбарии Раҳмон
Нерӯгоҳи худ оғоз.
Имрӯз Ватан дорад,
Тӯю тараб аз шодӣ.
Аз нуру сафои Роғун,
Гаштанд ҳама розӣ.

Маъмурияти литсейи
донишкадаи политехники шаҳри Хуҷанд