(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор истиқбол намудани бакорандозии чархаи якуми неругоҳи барқии обии «Роғун» маҳфили идона баргузор гардид.

Муҳассилини ин муассисаи таълимӣ бо шеъру суруд ва таронаву гуфторҳо дар васфи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, НБО «Роғун» маҳорати эҷод ва ҳунари хешро нишон доданд.
Таъкид шуд, ки саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамоми соҳаҳо бориз буда, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Пешвои миллат ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад. 

Аз ҷумла, 26 сентябри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи корҳои бунёдкорию созандагии худ, ки аз сиёсати ватандӯстонаи он кас сарчашма мегиранд, ба шаҳри Роғун сафар карда, дар маросими оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқии обии «Роғун» иштирок намуда, баён доштанд: «Сохтмон ва ба истифода додани ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад. 
Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дар маҷмӯъ рушди соҳаи энергетика ба фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич вобаста аст. Баъд аз интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми суханронӣ дар маросими савгандёдкунӣ, 18 ноябри соли 2006, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикиро дар қатори вазифаҳои аввалин ва ҳадафи муҳими стратегӣ дар ҳафт соли наздик маънидод сохта, аз ҷумла, зикр намуда буданд: «Ҷиҳати пурра таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи неруи барқ дар Осиё ҳамкорӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вусъат дода шуда, силсилаи неругоҳҳои барқи обии хурду бузург ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ба хориҷи кишвар бунёд мегарданд…».
Зулфия Ашӯрова, сарвари гимназияи №4 маҳфилро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки миллати тоҷик дар садади аз байн рафтану нобуд шудан дар шахси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Қаҳрамони воқеӣ гардид ва ниҳоят орзую ормони одамон воқеият ёфту ба мақсадашон расиданд. Тоҷикон аз баракати чашму дилу сухани равшани Пешвояшон батадриҷ аз чандин зулмоти нобудкунанда наҷот ёфтанд. Муҳимияти НБО-и Роғун боз дар он аст, ки: — бо истифодаи неруи барқи ин иншоот рушди силсилаи корҳонаҳои азими саноатӣ имконияти хеле хуб пайдо менамояд, ки дар навбати худ сатҳи рушди кишварро ба сатҳи баландтар мебардорад, ба ташаккули иқтисодиёти индустриалӣ – аграрӣ месуидат менамояд; — барои истеҳсоли “неруи сабз”, яъне пешгирӣ кардани партовҳои зарарнок ба муҳити зист ва риояи меъёрҳои муосири экологӣ имконияти беҳтарин муҳайё месозад; — имконияти содиротии кишвар афзун мегардад, аз ҷумла дар доираи лоиҳаи КАСА–1000, ки ба афзоиши содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба бозорҳои ниёзманди энергетикии Афғонистон ва Покистон мусоидат менамояд. Ин лоиҳа ҳам аз нигоҳи татбиқи меъёрҳои тиҷоратӣ ва ҳам аз лиҳози истифодаи воситаҳои технологӣ беҳамтост. Ҳамзамон, Тоҷикистон имкон дорад, ки тавассути афзоиши иқтидорҳои тавлиди неруи барқи худ интиқоли онро тамоми сол таъмин намояд. Пешбинӣ мешавад, ки то соли 2030 иқтидори энергетикии кишвар аз 17 то 45 миллиард киловатт-соат дар як сол ё қариб 3 баробар афзоиш ёфта, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои соҳа ислоҳоти ҷиддӣ роҳандозӣ шуда, содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба кишварҳои ҳамсоя тавассути хатҳои минтақавии интиқоли неруи барқ, аз ҷумла КАСА–1000 то 10 миллиард киловатт-соат афзун мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд