(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЭҳё шудайи миллат, эҳёйи муборак бод!
Зебо шудаӣ, Меҳан, зебойи муборак бод!

З-он ҳоли паешонӣ, аз тақдири пешонӣ.
Бозомадаи бо ҳам, бозойӣ муборак бод!

Бад омаду зуд бигзашт, нодорию мӯҳтоҷӣ,
Аз фақр раҳо гаштӣ, раҳойи муборак бод!

Эҳё шуда бо азмат, аркони ниёгонат,
Сомониё алҳақ, ниёйи муборак бод!

Аз мози асар ҷустӣ, аз асл сухан гуфтӣ,
Икром ба тамаддунӣ орёйи муборак бод!

Бо ҳамхуну ҳамкешон ҳамрайъ шудӣ, аҳсан
Бо Ирону бо Афғон ҳамройӣ, муборак бод!

Роғун ба нури худ сад пардаи зулмат сӯхт,
Вораста зи торикӣ, рушнойи муборак бод!

Аз минбари СММ бо тоҷикӣ сӯҳбат шуд,
Бо кулл ҳамовойи, овойӣ муборак бод!...

Эй навараси бостонӣ, мавлуди нават, табрик,
Ҳампои ҷахон гаштӣ, ҳампойи муборак бод!

Абдуллойи ФОЗИЛ