(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altПас аз садсолаҳои зиндагӣ дар ҷилди «Шоҳнома»,
Пас аз ҷӯшу хурӯш андар рагу пайванди достонҳои Фирдавсӣ,
Ниҳоят синаи афсонаро бишкофт,
Ғурури Рустам охир воқеият ёфт.

Ба рағми ину оне, ки зи пушти «шонаи симхор»,
Тавону тоқаташро мекунад инкор,
Ба рағми ину он навдавлату навкиссаи навдам,
Ки бинад ворисонашро ба чашми кам,
Кунун бо панҷаи мухкам,
Ҷилав бигрифта бо тундӣ,
Ба ҳайси бодпои тезтозаш Рахш
Саворӣ мекунад ӯ Вахш.

Кунун дар наъраи ҷонкоҳи «Белаз»-ҳо,
Кунун дар ғелиши ҳар санг аз пархоши таркишҳо,
Кунун дар ларзишу дар лағҷиши ҳар пуштаю поча,
Гиреву хашми Рустам гашта гӯё гунн,
Садои гурзи ӯ меояд аз Роғун,

Ниҳеби Рустами достон,
Нидои нангу номуси ватандорӣ
Дигар з-афсона берун рафт,
Бадахшон рафт,
Хатлон рафт,
Раштону Зарафшон рафт,
Хуҷанду Истурошан рафт,
Ба раг андар раги тоҷик шуда ҷорӣ
Бурун з-авсофу девон рафт,
Дамовон рафт…

Пас аз садсолаҳо,
Садсолаҳои хоб дар афсонаи дерин,
Ғуруре куштаи ҳангомаҳои «Хусраву Ширин»
Зи хоки Бесутун эҳё бтишуд Фарҳод,
Аз ин фарёд…

Рахи андеғша дигар кард,
Балки пеша дигар кард,
Хаёлам, теша дигар кард.

Гузашт аз ҷўйи Ширу ишқи Ширинаш,
Гузашт аз Хусраву аз кешу ойинаш,
Ки нақби Рушанои баркнад акнун…
Садои тешаш меояд аз Роғун…

Наумои нангу номуси ватандористӣ, таҳсин,
Салом, афсонаи дерин!

Абдуллоҳи ФОЗИЛ