(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРоғун шараф асту мо шарафманд шавем,
Бар мушкили ў биё, ки пайванд шавем.
То чашми бади адў наафтад сўяш, 
Дар миҷмари қалби ў чу испанд шавем.
Тоҷик ба тори зиндагӣ ҷўр аст,
Бо қудрати созандаи худ машҳур аст.
Бунёд кунад Роғуну в - он гоҳ донад,
Мазмуни ҳама ҳастии Одам нур аст.
Аҳсант ба ту Сарвари Роғунсозам,
Аҳсант ба ту миллати фардосозам.
Инак ба китоби ман дар қарн туӣ,
Сарводаву сарбайти ҳама эъҷозам.