(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altФасли шукуфтан омад бар коргоҳи Роғун,
Хурпеч мекунад гул андар нигоҳи Роғун.
Меҳроби меҳри миллат имрўз гаштаи ту,
Боғи биҳишти моӣ, эй боргоҳи Роғун.
Дасти ба дасти ҳам буд, шому сабоҳи Роғун.
Хастии мо шукуфта андар канори Ваҳдат,
Дар боғи дил бирўяд мардумгиёҳи Роғун.
Роҳе, ки мерасад моро ба қуллаи нур,
Роҳи бузурги дилҳост- ин шоҳроҳи Роғун.
Чун дил ҳаметанӣ ту дар ҷони гарми меҳан,
Эй дил, дили тавоно – эй боргоҳи Роғун.
Бар эҳтироми фардо имрўз месазад сохт,
Як кохи рўшноӣ бо фардои ин Ватанро,
То ҷовидон бимонад пушту паноҳи Роғун.