(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАё, гулбарги гулгуни дили ман,
Туӣ бахти ҳумоёни дили ман.
Шавад аз ҳимматат Роғун чароғон,
Чароғон мисли Роғуни дили ман.
Аё ҳаммиҳани ганҷури Роғун,
Дарафкандӣ дар олам шўри Роғун.
Шавад чун нури Норак нурборон,
Илоҳо, хонаат аз нури Роғун.