(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Роѓунеро, ки шумо афсона мепиндоштед,

Аз гумони хеш тухми кинаро мекоштед,

Њар куљо аз боби Роѓун њарфи бад ангоштед,

Ќасди «бори каљ ба сарманзил» расидан доштед.


Бинед акнун, парчами бахту саодат шуд баланд,

Обрўи миллати тољику давлат шуд баланд,

То фалак оњанги маънии сиёсат шуд баланд,

Нахли пурбору пурармони њаќиќат шуд баланд.


Сар ба зонў, зонўи андеша монеду дигар,

Каф занед аз бахту иќболе, ки бошад чорагар.

То ба кай бар ќалби поки Тољикистон нештар?

То ба кай фикри хиёнатпарварї бошад ба сар?


Хостори нури имонед? Роѓун аст нур!

Хостори бозўи сабред? Роѓун аст зўр!

Хостгори нангу номусед? Роѓун нест дур!

Хостгори ганљи ирфонед? Роѓун аст пур!


Каъбаи нур аст Роѓун, нур роѓунмазњаб аст,

Ояти шукронаи тољик доим дар лаб аст.

Пешвои мо чи хуш дар љодаи нурофарї,

Дар миёни Сарварони дањр соњибмактаб аст.