(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt26 сентябри соли 2005 дар шаҳри энергетикҳо Роғун маросими бо танатанаи кушодашавии идомаи сохтмони Нерўгоҳ баргузор гарида буд, ки он дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

Он рўз Роғуншаҳр намуди идона дошт. Кўчаву майдонҳои марказии шахр пур аз одамон буданд. Хурду калон, пирону кўдакон либосхои идона ба бар карда, бо гулу гулдастахо, бод или пур аз шодию фарах сўи майдони асоси мешитобиданд. 
Сохтмони Нерўгохи Роғун, ки солиёни зиёд мавқуф гузошта шуда буд, имрўз аз нав тавлид гашт.
Солҳои ҳаштодўм баробари сохтмони иншоотҳои асосии Нерўгоҳ, сохтмони биноҳои истиқомативу фарҳангӣ, тандурустӣ, маишию мадании шаҳри Роғун низ вусъат ёфта буд. Дар зарфи 15 – 16 сол шаҳраки бинокорон барои 18 ҳазор аҳолӣ анҷом ёфта, иншоотҳои асосии НБО дар ҳаҷми беш аз 43% сохта шуда буд. Ҳаҷми азхудкунии маблағгузориҳои муттамарказ 803 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, азхудкунии маблағҳо ба ҳисоби миёна соле ба 53 – 55 миллион доллар мерасид. Дар ин давра базаи мустаҳками моддию техникӣ ташкил ёфта, мутаххасисони соҳибмаълумот ба камол расидаанд. Бисёр иншоотҳои ёрирасон, аз ҷумла роҳҳои автомобилгард, тунелҳо, базаҳои техникӣ, корхонаҳои истеҳсолии битон, истеҳсоли сангу шағал сохта, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ кашида шуда буданд. Хулоса имконият фароҳам омада буд, ки зарфи 4 – 5 соли минбаъда сохтмони НБО Роғун анҷом меёфт.
Бо пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ маблағгузорӣ ба ин иншоот якбора қатъ гардид. Бар асари рух додани ҳодисаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон сохтмони Нерўгоҳ фалаҷ шуда, ба ҳоли худ монд.
Лекин хушбахтона дар ин санаи хотирмон сохтмони НБО Роғун аз дигар эҳё гашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар митинг бахшида ба кушодашавии Нерўгоҳ гуфтанд: Сохтмон ва ба истифода додани иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини Истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон буда, ин кор ҳамчунин сахми арзандаи Тоҷикистон дар наҷоти баҳри Арал хоҳад буд, ки аҳмияти муҳими минтақавӣ дорад. Он кас изҳор доштанд, ки дар сурати татбиқи амалии ҳамаи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои бузурги содиркунандаи неруи барқ дар минтақа табдил хоҳад ёфт. Дар ин митинг меҳмонон аз дигар давлатҳо низ буданд. Баъди митинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ботантана оғози сохтмони НБО Роғунро кушоданд. Бояд гуфт, ки соли 1987, 31 сол пеш аз ин бунёди ин иншооти мўҳташам оғоз ёфта буд. 
Солҳои охир дар гирди ин сохтмони бузург гапҳои зиёде буданд, аз тарафи давлатҳои ҳамсоя комиссияҳои экспертӣ давра ба давра ба Тоҷикистон омада, вазъи сохтмонро дида экологияро санҷида мерафтанд. 
НБО Роғун дар дарёи Вахш сохта шуда, аз пойтахти Ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе дар масофаи 110 километр ҷойгир аст. Ин нўҳумин НБО, аз қатораи Нерўгоҳҳои Обии дарёи Вахш ҳисоб мешавад.
Аз 29 октябри соли 2016 пеши дарёи Вахш гирифта шуда буд, барои сохтмони платинаи обанбори НБО Роғун.
Мувофиқи лоиҳа НБО аз 6 адад агрегатҳо иборат буда, иқтидори ҳар яки он 600 мВт-ро ташкил медиҳад. Балндии платинаи НБО Роғун 335 метр буда, дар олам аз ҳама баландтарин ҳисобида мешавад. Иқтидори умумии НБО Роғун, баъди ба истифода додани ҳамаи агрегатҳо 3600 мВт буда дар минтақаи Осиёи Миёна калонтарин ҳисобида мешавад. Дар ин сохтмони бузург 18,6 ҳазор коргарон кор кардаанд. Лекин дар соли охир ба зами ин 2,6 ҳазор сохтмончиён зиёдтар дар ин ҷо кор карда истодаанд.
Бесабаб нест, ки маҳз дар ҳамин рўз 16 ноябр Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи аввалин чархи якуми НБО Роғун ба кор шурўъ мекунад. Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сохтмони мўҳташам идома ёфта истодааст.
16 ноябри соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якумин маротиба ба халқу ватани Тоҷикистон қасам хўрда буданд. Он кас дар Паёми худ гуфтаанд: « Истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон тадриҷан тараққиёти соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, азхудкунии сарватҳои табиӣ, коркардӣ маъданҳо, пешрафти истеҳсолот ва соҳибкории хурду миёна, хулоса рушти устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро таъмин менамояд».
Ид муборак ҳамдиёрони азиз!

Мўҳтарам Неъматова,
омўзгори фанни тахассусии литсейи
касбии хизмати ша
ҳри Хуҷанд