(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи шодиҳо дамид дар боғшаҳри Роғунам,
Файзу нусратҳо расид аз боғшаҳри Роғунам.
Шукр гӯям ман талоши Пешвои миллатам,
Нурборон гашт кишвар аз сафои Роғунам.
Мерасид афсонае бар гӯш пеш аз ин нигар,
Гӯи Роғун нур мебахшад ба мо соли дигар.
Бин ҳақиқат шуд, меҳнат ҷӯш зад дар корзор,
Дар бари Пешво чу халқ шуд ин саодат интизор.
Оби Вахш аз қуллаҳо бо азм софу беғубор,
Сӯи водӣ гашт ҷорӣ сӯи чорбоғу канор. Бишканад то ташнагиву офарад нур бовиқор,
Сӯи неругоҳи қудратманд шитобад беқарор.
Дасту бозуи ҷавонмарди Ватан кард дар барат,
Хонаи тоҷик дурахшон шуд меҳмон марҳамат.
Қалби саршори пур аз меҳру вафову бахту тахт,
Офарин гӯему аҳсан қаҳрамон фарзандат. 
Шуд дурахшон сарзаминам-Тоҷикистон баъд аз ин,
Рӯзу шаб яксону пурнур гашт ахтаргоҳ замин,
Раҳнамову раҳкушоям Пешвои миллатам,
Баъд аз ин даҳчанд бишкуфад фидои давлатам.
Роғуни пурнур бикшояд дари фазлу ҳунар,
Домани покат эй кишвар бигардид пуршарар.
То бимонад сулҳу Ваҳдат, амни мо пояндатар,
Резад аз хони Ватан аз пеш беш дурру гуҳар.

Набӣ Ҷӯраев,
сармутахасиси бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд,
 Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон