(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», санаҳои 10 – 11 ноябри соли 2018 дар толори варзишии “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ-до WKF байни кўдакон, наврасон ва ҷавонон баргузор градид.

Ин тадбир бо мақсади тарғибу ташвиқи каратэ байни кўдакон, наврасон ва ҷавонон баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, мустаҳкам намудани дўстӣ байни варзишгарон, ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш, тарбияи насли солим сурат гирифта, дар он 236 нафар варзишгарон аз он ҷумла 20 нафар духтарон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов иштирок намуданд ва ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ҷом, медал ва диплом тақдим карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд