(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор истиқбол намудани бакорандозии чархаи якуми неругоҳи барқии обии «Роғун» дар шаҳри Хуҷанд баргузории як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ ва оммавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, гузаронидани конфронсҳои илмӣ-амалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ дар мавзӯи "Садоқат ба Президент - садоқат ба Ватан" ва "Пешвои миллат ва шинохти манзалати чеҳраҳои мондагори таърихи тоҷикон", озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи "Пешвои муаззами мо" дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр, ташкили чорабиниҳои варзишӣ дар байни дастаҳои варзишии кумитаи маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна дар назар дошта шудааст.

Тамошои оммавии пахши мустақими бакорандозии чархаи якуми неругоҳи барқии обии «Роғун» дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамаи муассисаву ташкилотҳои шаҳри Хуҷанд ташкил гардида, ҳамчунин ин руйдоди таърихӣ аз мониторҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр низ намоиш дода мешавад.

Ҳамзамон дар назар аст, ки дар варзишгоҳҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва қасрҳои фарҳангии шаҳр чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва барномаҳои консертӣ баргузор гардад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ба ин муносибат санаи 17-уми ноябри соли равон дар назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ барномаи калони фарҳангӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ташкил гардида, фестивал-озмуни «Ҳунарҳои мардумӣ» натиҷагирӣ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2016 инҷониб 16 ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Дар иртибот ба ин 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд