(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №18-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Бофанда №2 , Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо интихобкунандагон дар мавзуъи тарғиби дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ки ҳангоми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бўстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров ( 22-25 октябри соли 2018) баён шудаанд ва ҷараёни иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки 22 октябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои мил-лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва сўҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. alt Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод Маданият”-ро пас аз навсозии пурра ва кўдакистони хусусии “Нурафшон”-ро мавриди истифода қарор доданд. Ҳамчунин Парчами давлатии Тоҷикистон ва Маркази нави саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, коргоҳи дўзандагию қолинбофӣ ба истифода дода шуд. Инчунин ба хотири рушди соҳаҳои боғдорӣ ва моҳипарварӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқо-нии ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағалро мавриди баҳра-бардорӣ қарор доданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 октябр дар шаҳри Бўстон Парчами давлатии Тоҷикистон ва Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бинои Нозироти андоз ба истифода доданд. Ҳамзамон аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварда, 2 гармхонаи навро ифтитоҳ карданд. Бояд қайд намуд, ки дар ҳудуди Боғи миллӣ дар масоҳати 0,35 гектар се кўли нав ба истифода дода шуда, дар он барои парвариши моҳиҳои гуногун, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва мусоидат кардан ба тозагии муҳити атроф 15 ҳазор моҳиҳои навъҳои гуногун сар дода шуд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24 октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғдро мавриди истифода қарор дода, гимназияи №1 дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардид ва бо намояндагони соҳаи маорифи вилояти Суғд ва фаъолони шаҳри Хуҷанд мулоқот намуданд. Инчунин, зимни сафари корӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ариана Металл Пласт”, ки дар он асосан истеҳсоли бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ ба роҳ монда шудааст, иштирок намуданд. 25 октябри соли равон дар шаҳри Гулистон бо иштироки Роҳбари Давлат Мактаби санъат ифтитоҳ гардид, инчунин дар маросими татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон” иштирок намуда, ба фаъолияти шабакаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд. Дар Қасри Арбоб аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар тантанаҳои Фестивали “Оши палав”, “Иди асалу харбуза” ва “Шириниҳои миллӣ”, Фестивали вилоятии “Атлас ва адраси тоҷик-2018” иштирок намуданд. Боиси фараҳмандӣ ва сарфарозист, ки шаҳри Хуҷанд дар чорабинииҳои идона аз рӯйи номиннатсияи “Оши палав” мақоми аввал ва “Хаймаи беҳтарин” ҷойи дуюмро ба даст овард.

Таъкид шуд, ки 25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуда, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи нақшаи ободониву бунёдкории шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, мева ва дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ, захираи ҳаҷми зарурии маҳсулот, таъсиси коргоҳу корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бастубанду содироти он, ташкили гармхонаҳои нав, бунёди боғи меваҳои содиротӣ ва мунтазам зиёд кардани майдони кишти сабзавоту картошка вазифадор карда шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар 9 моҳи соли 2018 аз 614 корхонаҳои саноатӣ 100 корхона бо сабабҳои гуногун фаъолият накардааст. Бинобар ин Пешвои миллат масъулинро вазифадор намуданд, ки доир ба фароҳам овардани шароит барои барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда тадбирҳои дахлдор андешанд. Дастурҳои дигар доир ба ҷалби ҳарчӣ бештари сармояи дохиливу хориҷӣ барои ташкили корхонаҳои муштараки саноат, таҷҳизонидани корхонаҳо бо технологияҳои муосир ва диверсификатсияи истеҳсолоту содирот дода шуд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар асоси нақшаи ободониву бунёдкории шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 6000, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд беш аз 500 иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо боиси фароҳам овардани даҳҳо ҳазор ҷойи нави кор, ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинон ва боз ҳам ободу зебо шудани шаҳру ноҳияҳо мегарданд. Бинобар ин, ба масъулин супориш дода шуд, ки бунёди иншооти банақшагирифтаро бо риояи меъёрҳои ҳозиразамон, санъати баланди меъморӣ, сари вақт ва босифат таъмин созанд. Дастуру супоришҳо доир ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирию коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ ва фаъолияти мунтазами иншооти энергетикӣ, захираи маводи сўхт дар давраи зимистонгузаронӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 октябри соли 2018 ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи вилоят ва фаъолони шаҳри Хуҷанд дар гимназияи №1 якчанд дастуру супоришҳоро баён доштанд, аз ҷумла: ба роҳ мондани таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби соҳибкорону саховатмандон ва собиқ хатмкардагони мактабҳои шаҳр; то ҷашни Наврўз муҷаҳҳазгардонии кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои фаннии таълимии муассисаҳои таълимии шаҳр аз ҷониби соҳибкорону собиқ хатмкардагони мактабҳои шаҳр; фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати наврасону ҷавонон дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр, яъне бунёди майдончаҳои варзишӣ, ҷойи бозӣ барои кўдакон, мавзеъҳои сайругашт; пурзўр намудани корбарӣ барои тозаю озода нигоҳ доштани соҳили дарёи Сир ва ташкили мавзеъҳои фароғатӣ ва боз ҳам ривоҷу равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ ва гулзоркунию кабудизоркунӣ дар шаҳр,тақвият додани корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии кўчаю тангкўчаҳои шаҳри Хуҷанд; бо мақсади баланд бардоштани вазъи иҷтимоии сокинон ва дар ин замина паст кардани арзиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар минтақаҳои гуногуни шаҳр ташкил намудани гўшаи «Бозори деҳқон» ва ғайраҳо, ки ҷиҳати иҷрои бетаъхири он аз ҳар яки мо масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд.

Пешвои миллат ҳамзамон таъкид намуданд, ки 16 ноябри соли равон тамошои пахши мустақими телевизионӣ бахшида ба истифода додани агрегати якуми Нерўгоҳи барқии обии «Роғун» дар тамоми ташкилоту муассисаҳо ба роҳ монда шавад. Ва ба ин муносибат санаи 17 ноябри соли равон дар мавзеъҳои фароғатӣ ва варзишгоҳҳои шаҳр чорабиниҳои адабӣ-фарҳангӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкил ва гузаронида шавад.

Дар анҷоми мулоқот Маъруф Муҳаммадзода таъкид намуд, ки ин ғамхориҳою дастурҳои Пешвои миллат моро водор мекунад, ки минбаъд низ бо сарҷамъӣ ва ҳисси баланди миллӣ барои рушди Тоҷикистони соҳиб-истиқлол, иҷрои дастуру супоришҳои Хукумати мамлакат баҳри пешбурди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бештар талош варзида, дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо гузорем. Ва тамоми донишу таҷриба ва кӯшишу ғайратамонро барои зиндагии орому осуда ва босаодати халқамон сафарбар намуда, ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои бузург пешвоз хоҳем гирифт.

Сипас , аз ҷониби интихобкунандагон: Қаюм Набиев, Монадҷон Файзуллоева, Нурӣ Сангинова ва дигарон доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ, тақвияти фаъолияти корхонаи партовкашонӣ, чароғонкунии кӯчаи Себзор, бунёд бинои иловагии МТМУ №18 ва ғайра саволу пешниҳодот матраҳ гардиданд. Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас дода, масъулини соҳаро муваззаф намуд, ки ҷиҳати ҳалли бетаъхири он чораҳо андешанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд