(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини назорати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмин намудани солимии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Дар давоми 9 моҳи соли равон аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд беш аз 6 ҳазору 500 кило маводҳои хӯрокаи пастисифат ва муҳлати истифодаашон гузаштааст, аз марказҳои савдо ва бозорҳо мусодира карда шуд.

Маҳсулоти пастсифатро баъди хулосаи судӣ ва мақомоти дахлдор бо таҳияи санадҳои лозимӣ дар минтақаи партовҷамъкунии шаҳри Хуҷанд бо роҳи сӯзонидан несту нобуд намуданд.

Ширкатҳои воридкунандаи маҳсулот ва фурӯшандагон бояд саломатии миллатро, ки онро боигарии асосии давлат меноманд, аз ҳар гуна манфиат болотар донанд ва аз ворид намудани чунин маводи пастсифат худдорӣ намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд