(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси шаҳри Хуҷанд, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Маъруф Муҳаммадзода аз ҳавзаи интихоботии “Бофанда №2” қабл аз мулоқоти худ бо интихобкунандагон аз вазъи МТМУ №18 ошноӣ пайдо намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ соли ҷорӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз таъмир бароварда шуда, якчанд кабинетҳои фаннӣ таҷҳизонида шудаанд.

Лоиҳаи бунёду азнавсозии бинои иловагии дабистон манзур гардида, сохторҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани он корбари намуда истодаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз маъмурияти мактаб талаб намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба хонандагон шароити хуби таълиму тадрисро муҳайё созанд.

Супоришҳои махсус доир ба омода намудани хонандагони болаёқат ба озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ низ дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд