(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳдошти фазои экологӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ шанбегӣ гузаронида шуд, ки дар он теъдоди зиёди хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ иштиктирок намуданд.

Бояд зикр кард, ки ҳадафи ҳашар- тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи чавонон дар рӯҳияи инсондӯстиву якдилӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Ин иқдом идомаи анъанаҳои наҷиби ниёгонамон бобати беҳдошти муҳити зист мебошад, зеро тоза нигоҳ доштани атроф, пайравӣ ва саҳмгузорӣ дар амали хайр ва пос доштани анъанаҳои наҷиби гузаштагонамон аст.

Ин ҳама ободонӣ имкон медиҳад, ки барои шаҳрвандон зиндагии обод, тозаву осуда таъмин ва шаҳри Хуҷанд ба «Тирози ҷаҳон»-и воқеъӣ мубаддал гардад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд