(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Кохи фарҳангии «Суғдиён» ба муносибати рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни ироаи номаи табрикотии худ аз ҷумла гуфт, ки дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии орому осудаи мардуми кишвар дар навбати аввал, аз вазъи риояи қонуният, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа вобастагии мустақим дорад. Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ иборат аст. Таъкид кардан ба маврид аст, ки мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳанд.

Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки мақомоти милитсияи тоҷик бахусус дар давраи аввали соҳибистиқлолии кишвар, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёди он рўзҳо, якҷо бо дигар мақомоту сохтори низомӣ аз ўҳдаи иҷрои масъулияти басо муҳиму душвор - барқарор кардани сохти конститутсионии давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун сарбаландона баромадаанд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд низ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории тоҷикон ҳиссаи арзандаи худро гузошта, 26 нафари онҳо ҷони азизи худро нисор намудаанд, ки номи онҳо дар таърихи милитсияи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Ёди ин абармардони шаҳид ҳамеша ҷовидон дар дилу дидаи мардум боқӣ хоҳад монд.

Таъкид гардид, ки рўйдоду таҳаввулоти пурпечутоби ҷаҳони имрўза, бахусус ҷангу нооромиҳои шадид дар баъзе аз кишварҳои Шарқи наздик ва минтақаҳои дигар, гуреза шудани миллионҳо нафар мардуми бегуноҳ, хароб гардидани садҳо шаҳрҳои ободу таърихӣ, осори фарҳанги ҷаҳонӣ ва шикастани пояҳои давлатдории баъзе кишварҳо бори дигар дастоварди ниҳоят пурарзиш ва бозёфти нодир будани истиқлолияту озодӣ, соҳибватанӣ ва сулҳу ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистонро собит месозанд. Дар назди милитсия вазифаҳои муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилотҳои экстремистии динӣ меистанд. Ин нуктаҳо мунтазам дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода алоҳида таъкиди худро ёфтаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар душвортарин шароит барои ягонагии кишвари азизи худ каҳрамониву мардонагӣ нишон дода, тавонистанд, ки сулҳу оромиро дар кишвар пойдор созанд. Дар ин асно мо бояд ҳаргиз меҳнату заҳматҳои собиқадорони милитсияро фаромўш насозем, ки беҳтарин лаҳзаҳои умри худро сарфи ҳифзи осоиштагии мардум намудаанд. Дар баробари ин вазъи ҷамъиятӣ – сиёсӣ ва оперативӣ-ҷиноӣ нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам вақти худ оромкунӣ фаро нарасидааст, зиракии сиёсиро аз даст набояд дод. Содир гардидани ҷиноятҳои дорои раванди террористӣ ва экстремистӣ, коррупсионӣ, хариду фурўши ғайриқонунии маводи мухаддир ва одамон, муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандон масъулияти кормандони милитсияро дучанд намуда, мубориза бо ин қабил ҷиноятҳо аз корманди милитсия малакаи дониши баланд ва таҷрибаи бои кориро талаб менамояд.

Дар поёни суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода итминони комил намуд, ки аз хизматчиёни қаторӣ то афсарони баландрутба минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерўи ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона ва бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.

Сипас, аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзод ба як қатор кормандони фаъоли мақомоти корҳои дохилаи шаҳр барои ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватану миллат, пуршарафона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, иштироки фаъолона дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Полковники милитсия Эмин Ҷалилзода, сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аз ин таваҷҷуҳу ғамхории Роҳбарияти шаҳр арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки мақомоти корҳои дохилии шаҳр дар оянда низ баҳти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва муборизаи оштиопазир ба ҳамагуна хатарҳои ҷомеа ҳамкориҳо тақвият хоҳад бахшид.

Аз тарафи роҳбарияти ШВКД дар шаҳри Хуҷанд ба як қатор кормандони фаъол Ифтихорнома тақдим карда шуд.

Сурудҳои баландмазмуни ватандӯстона табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд