(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altНомаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бахшида ба Рўзи милитсияи тоҷик

Кулли кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Хуҷандро ба ифтихори ҷашни касбӣ, яъне Рўзи милитсияи тоҷик самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихоратон комёбиҳо орзу менамоям.

Дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.

Мақомоти милитсияи тоҷик бахусус дар давраи аввали соҳибистиқлолии кишвар, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёди он рўзҳо, якҷо бо дигар мақомоту сохтори низомӣ аз ўҳдаи иҷрои масъулияти басо муҳиму душвор - барқарор кардани сохти конститутсионии давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун сарбаландона баромадаанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии орому осудаи мардуми кишвар дар навбати аввал, аз вазъи риояи қонуният, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа вобастагии мустақим дорад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ иборат аст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳанд.

Ҳар қадаре, ки мардум ба шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътимод дошта бошанд, қудрату тавоноии давлат ҳамон қадар зиёд гардида, адолати иҷтимоӣ ва зиндагии орому осоиштаи сокинони шаҳр таъмин мегардад.

Ҳамаи мо медонем, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину душвор фаъолияти худро оғоз намуд. Аз даврони ташкилёбии он дар тўли ин солҳо ба ўҳдаи ин кормандони мақомоти корҳои дохила вазифаҳои басо мураккаб гузошта шуда, аз онҳо маҳорату ҷасорати махсус ва меҳнати содиқонаю софдилонаро талаб мекард. Дар шаҳри Хуҷанд низ дар чунин шароит барои ҳифзи мардум аз ҷинояткорону вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ташкил ёфтани мақомоти корҳои дохила аз он дарак медиҳад, ки заминаҳои аввалини моддӣ барои ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум буданд ва дар ин соҳа тадриҷан кадрҳои соҳибмаълумоту ботаҷриба ба воя мерасиданд.

Рўйдоду таҳаввулоти пурпечутоби ҷаҳони имрўза, бахусус ҷангу нооромиҳои шадид дар баъзе аз кишварҳои Шарқи Наздик ва минтақаҳои дигар, гуреза шудани миллионҳо нафар мардуми бегуноҳ, хароб гардидани садҳо шаҳрҳои ободу таърихӣ, осори фарҳанги ҷаҳонӣ ва шикастани пояҳои давлатдории баъзе кишварҳо бори дигар дастоварди ниҳоят пурарзиш ва бозёфти нодир будани истиқлолияту озодӣ, соҳибватанӣ ва сулҳу ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистонро собит месозанд.

Ҳоло мо ҳама аз он ифтихор дорем, ки мардуми шарифи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намуданд ва имрӯз дар фазои сулҳу суботи комил бо азму талоши содиқона Ватани маҳбуби худро ободу зебо гардонида истодаанд.

Дар назди милитсия вазифаҳои муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилотҳои экстремистии динӣ меистанд. Ин нуктаҳо мунтазам дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода алоҳида таъкиди худро ёфтаанд.

Имрўз бо боварӣ метавон гуфт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар душвортарин шароит барои ягонагии кишвари азизи худ қаҳрамониву мардонагӣ нишон дода, тавонистанд, ки сулҳу оромиро дар кишвар пойдор созанд. Дар ин асно мо бояд ҳаргиз меҳнату заҳматҳои собиқадорони милитсияро фаромўш насозем, ки беҳтарин лаҳзаҳои умри худро сарфи ҳифзи осоиштагии мардум намудаанд.

Бори дигар ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳрро ба ифтихори ҷашни касбӣ табрик гуфта, дар ҷодаи хизмати бошарафу пурмасъулият ба нафъи давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон ба шумо саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!