(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Филиали хуҷандии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастархони идон а ороста шуд.

Сарбозони Филиали хуҷандии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз осоиштагии кишвар бо рӯҳияи баланди ватандӯстона чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Конститутсияро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд.

Роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд афсарон ва сарбозони шуҷои Филиали хуҷандии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таҳният гуфта, аз ҷумла зикр доштанд, ки баъд аз қабули Конститутсия таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, барои ба танзим даровардани соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, давлат ва суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам оварда шуд. Аз ин лиҳоз, солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи санаҳои тақдирсози халқу миллат ва кишвар – Рўзи Истиқлолияти давлатӣ ва Рўзи Ваҳдати миллӣ барҳақ мавқеи хосаи ҳам сиёсӣ ва ҳам иҷтимоию маънавиро дорост. Мояи ифтихор аст, ки таҳлилгарони сатҳи ҷаҳонӣ Конститутсияи моро аз ҷумлаи демократитарин ва инсонпарваронатарин конститутсияҳо арзёбӣ намуданд ва имрўз ҳам ин ақида тағйир наёфтааст. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқро эътироф мекунад.

Чунин чорабиниҳои идона дар дигар қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд