(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шоҳмот баргузор гардид.

Тибқи нақша-чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи маорифи шаҳр мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шоҳмот байни писарон ва духтарон баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 74 нафар варзишгарон аз ҷумла 53 нафар писарон ва 21 нафар духтарон иштирок намуданд.

Дар натиҷа байни духтарон: ҷои якум Замира Алиева ҷои дуюм Мӯниса Раҳимова ҷои сеюм Гулбаҳор Бобоҷонова , байни писарон: ҷои якум Комрон Шавкатзода ҷои дуюм Мирзо Раҳмонов, ҷои сеюм Амирҷон Усмонов ғолиб гардиданд.

Ғолибони мусобиқа бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд