(2 овоз, миёна 2.50 аз 5)

altНомаи табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рузи Конститутсия

Боиси хушбахтӣ ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.

Қабули Конститутсия ин воқеаи барҳақ таърихиву тақдирсоз буд. Мо бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли олам тавлиди давлати навини демократии ҳуқуқбунёду дунявиро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ будани халқи кишварамонро эълом доштем.

Аз ин лиҳоз, солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи санаҳои тақдирсози халқу миллат ва кишвар – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ барҳақ мавқеи хосаи ҳам сиёсӣ ва ҳам иҷтимоию маънавиро дорост. Мояи ифтихор аст, ки таҳлилгарони сатҳи ҷаҳонӣ Конститутсияи моро аз ҷумлаи демократитарин ва инсонпарваронатарин конститутсияҳо арзёбӣ намуданд ва имрӯз ҳам ин ақида тағйир наёфтааст. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқро эътироф мекунад.

Дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, ки дар солҳои Истиқлолият ва баъди қабули Конститутсия ба вуқӯъ пайвастанд, шаҳодати дурусти роҳи интихобкардаи Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари муаззами миллат, азму иродаи матини халқ ва миллати тоҷик аст. Мисоли инро дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд – маркази маъмурии вилояти овозадори Суғд, як гӯшаи шукуфони Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар азми сокинони сарбаланду меҳнатқаринаш баҳри ободии диёр, созандагию бунёдкорӣ, афзунгардонии иқтидори иқтисодии мамлакат ва беҳдошти сатҳи рӯзгор мушоҳида кардан мумкин аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки Тоҷикистонро дар саросари олам бо Конститутсия рукнҳои созандаи мардуми заҳматпешаю меҳмоннавоз, бо табиати зебою афсонавӣ, обҳои зулол, кӯҳҳои осмонбӯс ва сиёсати сулҳҷӯёнаашон маълуму машҳур гардонанд. Ба шарофати истиқлолият ва тибқи Конститутсия мо соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Бо шарофати истиқлолияти кишвар чун дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд низ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфта истодаанд.

Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки имрӯз дар фазои сулҳу осоиш, тинҷию амонӣ умр ба сар мебарем ва дар рушду нумӯи кишвари азизамон, эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ саҳм мегирем. Чунин кафолатро ба мо Конститутсия – бахтномаи миллат додааст.

Итминони комил дорам, ки ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷӯҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо ҳамшаҳриёни азиз, бо кӯшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандории фарзандон ва барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор гардида, Парчами Тоҷикистонро партавафшон менамоед.

Бо чунин ниятҳои нек сокинони Хуҷанди бостониро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, сиҳату саломатӣ, осмони софу беғубор, зиндагии бобарор ва саодатмандию сарбаландии рӯзгорро  таманно менамоям.

Ҷашни муқаддас муборак!