(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАз санаҳои 18 то 30 октябри соли 2018 дар майдони варзишии футболи Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни духтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур бахшида ба соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиб ва рушду инкишофи бозии футбол байни тамоми қишрҳои ҷомеа, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, пайдо намудани бозингарони беҳтарин ва муайян намудани дастаи якачини шаҳр сурат гирифта, дар он 12 даста бо иштироки зиёда аз 150 нафар иштирок намуданд.

Дар бозии ниҳоӣ ҷои якум дастаи духтаронаи футболбозони гимназияи №24, ҷои дуюмро дастаи МТМУ №11 ва ҷои сеюм дастаи МТМУ №8 соҳиб гардиданд.

Ба ғолибон аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илмии вилояти Суғд Ҷом, медал ва ифтихорнома тақдим гардид.

Ҷоиз ба зикр аст, ки мусобиқаи мазкур ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш », қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 14 -уми ноябри соли 2017, № 629 “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии рушди футбол дар шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2017-2021” тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои вилоятӣ ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ барои соли 2018 дар асоси нақшаи якчояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи маориф, Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илмии вилояти Суғд баргузор шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд