(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАҳли тарбиятгирандагони кӯдакистони №28-и шаҳри Хуҷанд яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёинажод- Иди Меҳргонро бо ташкили чорабинии хушҳолӣ таҷлил намуданд. Кӯдакон дар васфи табиат, меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, фаслҳои сол, фазилатҳои иди Меҳргон шеъру суруд ва саҳначаҳои ҷолиб намоиш дода, табъи ҳозиринро болида сохтанд.

Намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Надия Абдуллоева ташкили чунин чорабиниро аз ҷониби маъмурияти кӯдакистон фоли нек арзёбӣ намуда, зикр дошт, ки он ба тарбияи зебоипарастӣ ва худшиносии кӯдакон мусоидат менамояд. Зеро Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.

Машҳура Атохонова, мудири кӯдакистони №28-и шаҳри Хуҷанд гуфт, ки чорабинии мазкур тибқи нақшаи шуъбаи маорифи шаҳр гузаронида шуда, он дар алоҳидагӣ тамоми гуруҳҳоро фаро мегирад. Мураббиён ба кӯдакон доир ба фазилатҳои ин иди миллӣ маълумот медиҳанд.

Бояд гуфт, ки ҷашни «Меҳргон» таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Меҳргон дар фасли тирамоҳи зумуррадгун, ки айёми ҳосилғундорию файзу баракати деҳқонист, аз дастархони фаровони кишоварзон башорат медиҳад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд