(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altШаҳри Хуҷанд аз тарафи Палатаи савдо ва саноати ташкилоти байналхалқии «Роҳи абрешим» ба узвияти комилҳуқуқ пазируфта шуд.

Ва дар ин бора гувоҳномаи узвият низ аз ҷониби ин ташкилоти бонуфузи умумиҷаҳонӣ ирсол гардида, мемарандуми ҳамкории ҷонибҳо имзо шудааст.

Дар мемарандуми имзошуда зикр гардидааст, ки дар оянда шаҳри Хуҷанд метавонад аз имконот ва захираҳои шаҳрҳои узви Палатаи савдо ва саноати ташкилоти байналхалқии «Роҳи абрешим» васеъ истифода барад ва равобити тиҷоратии хешро тавсеа бахшад. Ҳамкориҳо дар бахши фарҳанг, иҷтимоиёт, маориф, иқтисодиёт муҳим арзёбӣ гардида, табодули таҷрибаро дар ин самтҳо ба манфиати тарафайн маънидод намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки Палатаи Байналмилалии «Роҳи Абрешим» дар соли 2015 дар минтақаи махсуси Гонконг таъсис дода шудааст. Ташкилот ширкатҳои бузургтарини 36 давлатро муттаҳид месозад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд