(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву воҳидҳои сохторӣ ва идораҳои зертобеъи шаҳр ҷаласаи васеъи корӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд хушхабар расонида шуд, ки шаҳри Хуҷанд аз тарафи Палатаи савдо ва саноати ташкилоти байналхалқии «Роҳи абрешим» ба узвияти комилҳуқуқ пазируфта шудааст. Ва дар ин бора гувоҳномаи узвият низ аз ҷониби ин ташкилоти бонуфузи умумиҷаҳонӣ ирсол гардидааст.
Сипас, аз рӯйи натиҷаи чорабиниҳои сиёсии чанд рӯз қабл баргузоргардида, роҳбарон ва масъулини як қатор шуъбаву сохтор ва идораву ташкилотҳои шаҳр қадршиносӣ гардиданд.

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои ироагардидаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба шаҳри Хуҷанд вазифагузорӣ намуд.

Аз ҷумла, доир ба суръатбахшии бунёди иншоотитаъиноти гуногун бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмиру таҷдиди макотиби шаҳр, муҷаҳҳаз намудани кабинетҳои фаннӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ, ташкили мавзеъҳои истироҳатӣ дар соҳили дарёи Сир, сохтмони биноҳои баландошёна бо назардошти меъмории миллӣ, ташкили гӯшаҳои деҳқон дар 4 минтақаи шаҳр, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрас, омода намудани чорабиниҳои фарҳангӣ фароғатӣ бахшида ба роҳандозии чархаи аввали Неругоҳи барқии обии Роғун, сарфаҷӯёна истифодабарии нерӯйи барқ, тақвияти корҳои гулзоркунии кӯчаю хиёбонҳо ва мумфаршукунии роҳҳои шаҳр, чароғонкунии муосири шаҳр, азнавсозии истгоҳҳо, бунёди меҳмонхона, боғҳои истироҳатӣ дар маҳаллаҳои Темурмалик, Бофанда ва навбунёди шаҳр, пешгириии ҷавонон ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, ҷоннок намудани корҳои идеологӣ ва ғайра дастуру супоришҳо дода шуд.

Таъкид гардид, ки ин ҳама тадбирҳо баҳри беҳбуд бахшидани ба ҳаёти мардум ва таъмини шоистаи зиндагӣ пешбинӣ шудааст. Дар самт ҷалби аҳолӣ, бахусус соҳибкорони ватандӯстро муҳим арзёбӣ намуд, Раиси шаҳр. 
Сипас, аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода масоили марбут ба иҷрои нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, нақшаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои барои соли 2019 ва ғайраҳо пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати иҷрои бетаъхири он дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми ҷаласаи корӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳои касбӣ ва миллии дар пешистода ҷалб намуда, ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани он вазифагузорӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд