29 Октябрь 2018
Аҳли кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд дар чаҳорчӯбаи эълон гардидани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди корхона ҳашари дастҷамъона гузарониданд.
Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ корҳои ободонию хуррамгардонӣ намуданд. Аз ҷумла, роҳравҳои ҳудуди корхона аз алафҳои бегона тоза карда шуда, майдончаҳо барои коштани зироат киштгардон намуда, барои афзун намудани ғизонокии майдонҳои кишти ҳудуди корхона бо истифода аз хокҳои ҳосилхез тадбирҳо андешиданд.
Воқеан ҳам яке аз одатҳои хубу азалии мардуми тоҷик тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо, даҳлезу роҳравҳо ва атрофи бинои истиқоматӣ мебошад. Тоҷикон аз қадим суннате доранд, ки субҳро аз тозаву озода гардонидани атрофи манзили истиқоматӣ ва назди дарвозаи хеш оғоз менамоянд.
Вақти он расидааст, ки мо ҳамагон баҳри тарғиби риояи одоби шаҳрнишинӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд, ки аз шаҳрҳои қадимаи ҷаҳон буда, таъриху фарҳанги миллати моро ба ақсои олам муаррифӣ менамояд, мусоидат намуда, аз тамоми имконоту василаҳо истифода намоем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд