(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Хуҷанд бо иштироки аъзои Шӯрои Иттиҳоди ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон, раисони маҳаллаҳо, намояндагони РВКД дар вилояти Суғд, прокуратура, ходимони дин ва ҷавонони фаъоли шаҳр мизи мудаввар таҳти унвони «Ҷавонон ҳимоятгар ва ҳифзкунандаи фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳангӣ-омўзишии Томирис» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, амалҳои номатлуб, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон бо иштироки ҷавонони шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

altМавсуф зикр дошт, ки бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишварамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар асоси Конститутсия ва қонунҳои ҷории мамлакат аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» амал мекунад, ки Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муборизаро бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Аммо имрӯз дар ҷомеа чунин қувваҳое пайдо шудаанд, ки мақсади онҳо ноором кардани вазъи сиёсӣ, халалдор намудани раванди сулҳу ваҳдат, вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, маҳдуд намудани озодиҳои шахсӣ ва ниҳоят дигаргун намудани сохтори давлат мебошад. Ҳамчунин, дар замони муосир, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизму терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд. Ин мавзӯъ дар маркази таваҷҷӯҳ ва баҳси сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, ҷомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҷодкор қарор гирифтааст. Маъмулан замоне, ки ягон истилоҳ мавриди истифодаи зиёд қарор мегирад, ё ба таври дигар гӯем мӯд мегардад, одатан мазмуни аслии худро гум мекунад. Экстремизм ба маънои томаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравӣ, аз ҳад гузаштан аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён меояд. Эктремизм падидаи нав нест. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон ва сиёсатшиносон, рӯзноманигорон ва ба ин бояд иқрор ҳам шуд, экртремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Таъкид шуд, ки аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқастӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Эктремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мавҳум ба ҳам пайваст мебошад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Имрӯз, ки мо дар бораи сулҳу оромӣ, амният, сабру таҳаммул, муколама ва муҳовараи дину тамаддунҳои олам сухан меронем, бояд иқрор шавем, ки дин яке аз омилҳои муҳими иттиҳод, сулҳу ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирии инсонҳо мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар баробари раванди мусбату мӯътадил ва табии ҳаёти динӣ – маънавӣ, инчунин зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ғояҳои ифротгароӣ, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, дар фаъолияти баъзе созмону ниҳодҳо, ҳизбу гурӯҳҳо таъсири муайян расониданд.

Сипас, мудири бахш кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, роҳбари «Маркази фарҳангӣ-омўзишии Томирис» Раъно Ҷумъаева, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ байни ҷавонон ва ноболиғони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Баҳром Саидзода, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамсол бо ҳамсол» Парвина Сулаймонӣ, раиси Шӯрои занони Кумитаи маҳаллаи «Сари баландӣ», имомхатиби масҷиди ҷомеъи «Нури ислом Ибодуллоҳ Калонзода ва дигарон дар мавзуъҳои раванди тарбияи ватандӯстӣ, пешгирӣ кардани зуҳуроти экстремизм ва таассуби динӣ, аз таъсири таблиғоти ифротгароёна ва оштинопазирии милливу мазҳабӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон ва ғайра маърӯзаҳо намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд