13 Октябрь 2018
Мо, ҷавонони вилояти Суғд вобаста ба вазъияти кунунии ба амаломада дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва нашри ақидаҳои муғризонаи гурўҳҳои мухолиф нисбат ба шароит ва ҳолати имрўзаи ин пораи Тоҷикистон, ба тамоми мардуми шарифи он, аз ҷумла ҷавонони минтақа муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки имрўз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурўҳҳои ҷиноятӣ гардида, нисбат ба марзи аҷдодӣ ва сарзамини поки ниёгони хеш ҳар гуна амалҳои номатлубро раво бубинед.
Имрўз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷамъоварии силоҳ, пешгирӣ аз гардиши мошинҳои берақам, интиқоли маводи мухаддир ва дигар иқдомотро як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон маънидод мекунанд. Тамоми мардуми соҳибхиради Тоҷикистони азиз, пеш аз ҳама сокинони бонангу номуси Бадахшон худ ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҳаргиз чунин набудаву нахоҳад буд, зеро таҳлилҳои анҷомёфта нишон медиҳанд, ки давоми чанд соли охир чанд гурўҳҳои ҷиноятпеша, на танҳо хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор намуда истодааст, балки онҳо дар баробари бадном намудани мардум, боиси ранҷу озори халқи шарифи Бадахшон гардида истодаанд. Мо, ҷавонон аксаран аз он шукргузорӣ мекунем, ки имрўз бо шарофати тантанаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар ҷавонони тамоми шаҳру навоҳии мамлакат дар сафи артиши миллӣ дўстона ва чун фарзандони як оила хидмати Модар-Ватанро сарбаландона адо менамоем. Ҳамасола шумораи зиёди ҷавонони вилояти Суғд дар канори ҷавонони дигар манотиқи Тоҷикистон чун Хатлону Зарафшон, Ҳисору водии Рашт, дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ дар вилояти Мухтори кўҳистони Бадахшон хидмат мекунанд. Аммо мутассифона шумораи ҷавонони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хеле кам мебошад. Асосан, ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Ишкошим, Дарвоз ба хидмат сафарбар шудаанд, ки онҳо низ нисбати дигар шаҳру навоҳии кишвар ба маротиб кам ҳастанд. Аммо аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ва Рўшон умуман ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба назар намерасанд. Ҳол он ки аъзои гурўҳҳои ҷиноятпеша чун Толиб, Боқир, Ёдгор ва дигарон ҳатто худро «пешво»-и мардум эълон намуда, барои тафриқаандозӣ ва мардумситезӣ кўшиш доранд. Ин гурўҳҳо бо кадом асос даъвои «пешво»-ӣ мекунанд, ки нафаре аз хешовандонашон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ барои ҳифзи марзу буми хеш хидмат намекунад. Мутаассифона, ин ҷавонон агарчӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба хидмати Модар- Ватан намераванд, вале дар хидмати ин гурўҳҳои ҷиноятпеша буда, ҳамчун ғулом супориши ин «пешвоёни мардумозор ва мардумбезор» -и хешро иҷро мекунанд.ҶАВОНОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД