(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар давоми нўҳ моҳи соли 2018 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳри Хуҷанд 101,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 278,6 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида, 3,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 25,0 млн. сомонӣ ё 9,9 дар сад зиёд мебошад.

Дар ин давра ба буҷети маҳаллии шаҳр 112,3 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин аз нақша бо назардошти ворид намудани тағироташ 98,7 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 10,5 млн. сомонӣ ё 10,3 фоиз афзудааст.

Умуман, дар давраи ҳисоботӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ хусусан маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ 96,1 млн. сомонӣ ё 83,2 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шудааст.

Аз қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ музди меҳнати корхонаву муассисаҳои буҷетӣ сари вақт пардохт гардида, қарздории фонди музди меҳнат ва қафомонии пардохти он дар шаҳри Хуҷанд ба назар намерасад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар шароити ташаккулёбии иқтисоди бозоргонӣ ва дар натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули ҳамаи соҳаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ ҳамарўза беҳтар кардани раванди иҷроиши буҷет ва ислоҳоти андоз тақвият меёбад, ки он ба ислоҳоти идоракунии молиявии давлат, шаффофият, самаранокӣ ва иҷрои қатъии қисми даромади буҷет равона мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд