(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд мулоқот дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, экстремизму терорризм амалҳои номатлуб, тарбияи ҳисси ватандўстии ҷавонон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва пешгирии касалиҳои сирояткунанда алалхусус вируси норасоии масунияти одам ва ғайраҳо баргузор гардид.

Дар вохўрии мазкур намояндаи прокуратураи вилояти Суғд, Донохон Ҷўраева, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Маркази фарҳангӣ-омўзишии “Томирис” Раъно Ҷумаева, директори иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии “Ҳамсол ба ҳамсол” Парвина Сулаймонӣ, сардори шўъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкуни байни ҷавонон ва ноболиғони Раёсати вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Баҳром Саидзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иштирок намуда доир ба мавзўъҳои дар боло зикршуда баромад намуданд.

Таъкид шуд, ки дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо мушоҳида менамоем, ки хатарҳои экстремизму тероризм рӯ ба инкишоф ниҳодааст. Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Миллати тоҷик аз қадимулайём бо маданияту фарҳанги волои хеш дар байни оламиён намунаи ибрат буд. Хушбахтона имрӯз таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик аз хатари нестӣ наҷот ёфта сазовори зиндагии орому осуда гардид. Ин ҳама сулҳу суботи кишвар самараи Истиқлолияти давлатӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат мебошанд.

Зикр гардид, ки ҷаҳони муосир пур аз мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, фундаментализм, сепаратизм, анархизм, ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад. Аз ин лиҳоз ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Мутаасифона, дар ҷомеаи мо низ аломатҳои чунин зуҳуроту падидаҳои номатлубро аз қабили радикализм ва экстремизм, синкретизм (яксон, махлут кардани назария, андеша ва ақидаҳои ба ҳам мухолиф), нигелизм (инкори маслаку мафкура, хулқу одоб, сохтори маъмӯли ҷомеа), тоталитаризм (яккаҳукмронӣ ва маҳрумият аз тамоми намуди озодиҳо), космополитим (рад кардани ҳуввияти миллӣ, фарҳангу суннатҳои миллию динӣ) - ро мушоҳида кардан мумкин аст. Он чиз муссалам аст, ки дини мубини ислом ҳама гуна зуҳуроти экстремизм, терроризм, душманӣ, адоват, ҷанг ё задухӯрдҳоеро, ки нерӯҳои экстремистӣ ва террористӣ ба он даъват мекунанд, қатъиян маҳкум менамояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки мулоқоти мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази фарҳангӣ-омўзишии “Томирис” ва Иттиҳоди ташкилотҳо ҷавонони Тоҷикистон сурат гирифт.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд