(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altАввалин гуруҳи даъватшавандагонро аз вилояти Суғд барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вазъияти тантанавӣ аз Амфитеатри Қасри Арбоб  бо ташкили чорабинии тантанавӣ гусел намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки зимни суханронии худ изҳор дошт, ки гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўзҳое баргузор шуда истодааст, ки мардуми вилоят барои таҷлили шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон заҳмат кашида истодаанд. Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз шароитҳои фароҳамшуда дар қисмҳои низомӣ таъкид дошт, ки Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандўстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Онҳо дар лаҳзаҳои хеле мушкил ҳамчун ҳомиёни содиқу вафодори миллат барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда матонату мардонагӣ нишон дода, дар таҳкими сулҳу суботи давлати нави тоҷикон бо азми қавӣ хизмати намунавӣ кардаанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар рӯзҳои нахустини гусели даъватшавандагон ноҳияҳои Спитамен, Шаҳристон ва Куҳистони Мастчоҳ нақшаи муайяншударо пурра иҷро намуданд ва дар дигар ноҳияҳо даъвати ҷавонон ҷараён дорад. Маҳз дар натиҷаи корбарии пурсамар теъдоди ихтиёриён сол аз сол афзуда, ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои адои хизмати ҳарбӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир мешаванд. Дар рӯзҳои нахустини даъвати тирамоҳӣ беш аз 1000 нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои муссалаҳ сафарбар мешаванд.

Изҳори умед карда шуд, ки наваскарони шуҷоъ бо хизмати садоқатмандонаю бошарафона дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ саҳм мегузоранд ва зимни иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Оинномаҳои хизматӣ, манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватани азизамонро бошарафона ҳимоя хоҳанд кард.

Сипас, маъракаи мардумии "Нонгазон" доир шуд ва даъватшавандагон дар зери таронаҳои тоҷикона бо ҳамроҳии волидони худ то дергоҳ шодмонӣ намуданд. Барномаи ҷолиби консертии фарҳангиёни вилоят ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшид.

Барои даъватшавандагон ва волидони онҳо дар майдони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастурхони идона ороста шуд ва даъватшавандагон пас аз тановули хӯрок озими қисмҳои низомӣ шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд