(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони "Ҷаҳони сипос" бахшида ба гиромидошти шоир Норинисо Алимуҳаммад дар чаҳорҷубаи таҷлили Рӯзи омӯзгоророн бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Маҳфилро сарвари МТМУ №27 Манзура Ёрматова ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки ташкили чунин чорабиниҳо баҳри ташаккули худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстии хонандагон мусоидат хоҳад намуд.

Сипас, Наим Маликисломӣ, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баромад намуда, кулли устодонро бо Рӯзи омӯзгорон таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки шоир Норинисо Алимуҳаммедова на танҳо адиби сермаҳсул, балки ҳамчун омӯзгор ва ҷамотчии фаъол дар байни сокинони Хуҷандшаҳр маҳбубияти хоса доштанд. Шодравон дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, бо суханони дилрас ва ашъори дилчасп мардумро ба фаъолияти созандагӣ ҳидоят менамуданд. Шоира муаллифи даҳҳо маҷмуъаи ашъор ва китобҳои хонданӣ буда, онҳо талқингари одаму одамгарӣ, хислатҳои наҷиб ва дигар арзишҳои инсонӣ мебошанд. Тимсоли шоира метавонад барои ҳазорҳо наврасону ҷавонон мояи пайравӣ гардад.

Сипас, Ҳунарманди мардумии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов, достент Абдуҳаким Шарифов ва дигарон баромад намуда, доир ба паҳлуҳои фаъолияти эҷодии шоир Норинисо андешаронӣ намуданд. Зикр гардид, ки китоби нахустини ӯ соли 1980 бо номи “Дунёи умед” аз чоп баромада, аз паси он соли 1983 “Оҳангҳои соҳил”-ро ба бор овард. “Гаҳвораи меҳр”, “Садоқат”, “Сию се ғазал”, “Ҳазору сад сатр” бахшида ба ҳазору сад солагии давлати Сомониён, “Ошёни меҳр”, “Лаҳзаи дидор”, “Дарёи муҳаббат” ва “Меҳвари андеша” ва ғайраҳо маҷмӯаҳои дигари шоир мебошад. Соли 2013 бахшида ба синни мубораки шоир ашъори мунтахаб зери унвони “Дар зери чархи гардун...” бо сифати аъло ва ба таври мукаммал нашр гардид.

Барои меҳнати софдилона ва сарсупурдаи халқу миллати арзандаи хеш буданаш Норинисо аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1998 бо Ордени “Шараф” мукофотонида шуд.

Аъзои Иттифоқи нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии милитсияи тоҷик ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аъзои фахрии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. То соли 2015 ҳамчун намояндаи халқии шаҳри Душанбе дар пайи ободиву озодии мамлакат ва баҳри пешбурди иқтисодиву сарсабзии он талош меварзиданд.

Сипас, хонандагон аз ашъори Норинисо намунаҳо ироа намуданд.

Фарзанди шоира Норинисо Илҳом Сангин миннатдории аҳли оиларо ба КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва маъмурияти МТМУ №27 барои ташкили чунин нишаст баён дошт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд