(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда кормандони идораву ташкилот, муассисаву корхонаҳо ва хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҳиссагузорӣ ба ободии ин шаҳри бостонӣ ба хиёбону кӯчаҳои асосӣ баромада, шанбегии умумишаҳрӣ гузарониданд.

Корҳои ободонӣ асосан дар маҳаллаҳои шаҳр, биноҳои баландошёна, назди муассисаву ташкилотҳо, шоҳроҳи Истиқлол, соҳили дарёи Сир ва ғайраҳо ба амал омада, маҷмуъи зиёди корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд.

Воқеан ҳам яке аз одатҳои хубу азалии мардуми тоҷик тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо, даҳлезу роҳравҳо ва атрофи бинои истиқоматӣ мебошад. Тоҷикон аз қадим суннате доранд, ки субҳро аз тозаву озода гардонидани атрофи манзили истиқоматӣ ва назди дарвозаи хеш оғоз менамоянд. Чунин корҳои ободонӣ дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр сурат гирифт.

Вақти он расидааст, ки мо ҳамагон баҳри тарғиби риояи одоби шаҳрнишинӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд, ки аз шаҳрҳои қадимаи ҷаҳон буда, таъриху фарҳанги миллати моро ба ақсои олам муаррифӣ менамояд, мусоидат намуда, аз тамоми имконоту василаҳо истифода намоем.

Ҷоиз ба зикр аст, ки имрӯзҳо дар қаламрави шаҳр баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза мегирад. Он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободию кабудизоркунии маҳали зист ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гаштааст. Баробари ба тасвиб расидани фармону қарорҳои дар боло зикршуда, тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳри бостонии Хуҷанд нақша –чорабиниҳо тартиб доданд ва фаъолияти худро дар асоси он ба роҳ монданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд