(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар суҳбати телефонӣ Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику шодбош гуфтанд.

Ҷонибҳо дар идомаи суҳбати самими телефонӣ доир ба вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуда, омодагиву ҳавасмандии худро барои боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои байнидавлатӣ дар ҳама соҳаҳо таъкид доштанд.