(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРӯзи муаллим, ки ҳамасола дар кишвари мо якшанбеи аввали моҳи октябр гузаронида мешавад, рамзи қадршиносии омӯзгор ва нишони эҳтироми ӯ дар ҷомеа мебошад. Бо истифода аз фурсати муносиб ба ифтихори ҷашнҳои фархундаи миллӣ ва бахусус гиромидошти Рӯзи омӯзгор ҳамаи Шумо устодони азизу арҷманд, кормандони соҳаи маориф ва тамоми мардум фарҳангдӯсту маорифпарвари шаҳри Хуҷандро самимона табрику муборакбод менамоям.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки самти иҷтимоӣ эълон намуда, ба рушду инкишофи он, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён  дар ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ диққати махсус медиҳанд,  нисбати кормандони соҳаи маориф, бахусус омӯзгорон ғамхориву дилсӯзӣ, эҳтироми беандоза зоҳир менамоянд.

Дар ҳама давру замон омӯзгорон машъалафрӯзи илму дониш буда, шогирдони худро дар рӯҳияи баланди худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ тарбия менамоянд. Камолоти маънавӣ ва сиёсию иҷтимоии ҳар як фард ба таълиму тарбия вобастагии қавӣ дорад. Рӯзгори инсон ва ҳаёти ҷомеа ба василаи таълим ва дониш пешрафт ва тараққӣ хоҳад кард. Дар сурате зиндагии инсон рӯз аз рӯз беҳтар хоҳад шуд, ки дониш омӯзад, таълим гирад ва дониши худро такмил диҳад.

Ҳоло дар ҳамаи намуди мактабҳои таҳсилоти умумии  шаҳри Хуҷанд 2509 нафар омӯзгорон ба насли наврас сабақи маърифат меомӯзанд, ки аз ин миқдор 270 нафарашон дорандагони унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 620 нафар мутахассисони ҷавон фаъолият мебаранд. ­ 12 нафар омӯзгорони  шаҳрамон барои фаъолияти ибратомӯзашон ба гирифтани унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва нишону медалҳо сарфароз гардидаанд.

Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд, бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор рафта, барои расидан ба ин ҳадаф ба Шумо омӯзгорон пирӯзиву комёбиҳо орзу дорем.

Умедворем, ки Шумо - омӯзгорону устодони муҳтарам рисолати хешро минбаъд низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпараст саҳми муносиб мегузоред. Дар ин ҷода ба ҳар яки Шумо муваффақият ва  барору комёбиҳо таманно дорам.

Бори дигар Шумоёнро бо Рӯзи омӯзгорон табрик гуфта, тансиҳатӣ, руҳи қавию азми матин, фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Идатон фархунда бод, омӯзгорони  азиз!