(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!

5 - уми октябр ҳамасола дар қаламрави кишвар чун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад.

Ба ин муносибати шоиста тамоми соҳибзабонон, сокинони Хуҷандшаҳрро табрику таҳният мегӯям ва дар зиндаву беолоиш нигоҳ доштани ин забони шеъру адаб, забони давлатии тоҷикӣ барору комёбиҳо таманно дорам.

Забони ҳар миллат баёнгари сарнавишти таърихии халқу миллат маҳсуб меёбад ва аз даврае, ки давлати мо ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб гашт, он дигарбора рушд кард, мавқеи хешро устувор намуд.

Алҳол дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳар шаҳрванди соҳибдилро мебояд, ки забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои беруна эмин нигоҳ дорад.

Сарбаландии мо, мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз он сарчашма мегирад, ки соҳиби забонем ва ба он соли 1989 мақоми давлатӣ бахшидем. Ифтихори миллӣ, Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он сар мешавад.

Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикист, ки он барои ҳар сокини ин кишвари соҳибтамаддун азизу гиромӣ гаштааст.

Забони тоҷикӣ ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ мешавад. Аз ин рӯ, сиёсати давлат дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатӣ дар таъмини рушди бомароми забони давлатӣ ва забонҳои дигари ҷумҳурӣ равона шудааст.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардонидани захираи луuавии ин забони нобу шоирона, вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад. Мо бояд дар шароити кунунӣ ба рушди забонамон эътибори ҷиддӣ диҳем ва онро аз таъсири манфии ҳар гуна унсурҳои бегона эмин нигоҳ дорем».

Забон таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо мебошад. Забони тоҷикӣ, лафзи ширини модарии мо аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад ва бо осори Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Хайём, Ҳофизу Камол, Турсунзодаву Лоиқ ва бисёр дигар  роҳпаймоёни адабиётамон шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.

Таҷлил кардани ин санаи муборак эътиқоду эҳтиром ва арҷгузории имрӯзиён ба забони тоҷикӣ, ба фарҳанги асил, ба авлоду аҷдоди сарбаландамон аст, ки новобаста аз гирдобҳои таърихӣ забони модарии хешро чун асли тоҷик ҳифз кардаанд, аз бадалшавӣ ба забонҳои uайр эҳтиёт кардаанд.

Забони модарӣ мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост. Рӯзи забони давлатӣ, забони модарии тоҷикӣ ба ҳамаи сокинони шаҳр ва ҳамватанони азизамон муборак бошад!