(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву воҳидҳои сохторӣ ва идораҳои зертобеъи шаҳр ҷаласаи васеъи корӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд масоили марбут ба вазъи иҷрои дастуру супоришҳи дар ҷаласаи қаблӣ ироашуда мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки «Ҳар як роҳбар ва масъули мақомот зимни иҷрои вазифаи хидматӣ пеш аз ҳама муносибат ба мардумро самимона ба роҳ монад. Мо бояд дар самти ободониву созандагӣ дар ҳамдастӣ бо мардум ҳамрайъиро роҳандозӣ намоем. Имрӯз худи мардум омода аст, ки бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониро ба анҷом расонад. Мо бояд дар ин самт мусоидати фаъол намоем- гуфт Роҳбари шаҳр.

Сипас, аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода масоили марбут ба раванди бунёди иншооти ҷашнӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, беҳбудбахшии сифати таълиму тарбия дар макотиби шаҳр, азнавсозии истгоҳҳо, риояи реҷаи кори партовкашонӣ, танзими ҳаракати автобусҳо, фаъолияти бомароми корхонаҳои саноатӣ, ҷамъоварии маблағи андоз, вазъи иҷрои нақшаи буҷа, банду баст ва содироти маҳсулоти ҳунармандӣ, риояи маданияти шаҳрдорӣ, мубориза алайҳи бегонапарастӣ, тоза намудани соҳили дарёи Сир аз алафҳои бегона, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, пешгирии ғайримақсаднок истифодабарии замин ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз масъулин ҷиҳати вазъи иҷрои он пурсиш ба амал оварда, нисбати бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоришҳо дода шуд.

Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми ҷаласаи корӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷиҳати омодагӣ ба ҷашнҳои дар пешистода ҷалб намуда, ба масъулин ҷиҳати ташкили озмунҳои «Китобхонаи беҳтарин», «Китобхони беҳтарин», «Мактаби беҳтарин» дастур дод. Ободонии кӯчаву хиёбонҳо, ташкили ҳашарҳои дастҷамъона аз иқдомҳои муҳим арзёбӣ гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки кулли сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд бо рўҳияи созанда ҷиҳати татбиқи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода корҳои ободониву созандагиро бо заҳмати софдилона ҷоннок намуда, баҳри пурмаҳсулии соли эълонгардидаи “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманд мегузоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд