(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд аз даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ байни навоҳӣ ва хоҷагиҳои пахтакори вилоят дар мавсими имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҷамъбаст гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуда, ғолибонро қадршиносӣ кард.

Ориф Хоҷазода, муовини Раиси вилоят иттилоъ дод, ки тибқи қарори якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ ва кумитаи иттифоқи касабаи коркунони комплекси агросаноатии вилоят дар 20 рӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ ноҳияи Конибодом мақоми аввал ва ноҳияи Мастчоҳ ҷои дуюмро ишғол карданд. Дар байни ҷамоатҳо Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ беҳтарин дониста шуд, ки аввалин шуда, 557 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, нақшаи пахтасупориро ба андозаи 110 фисад иҷро кардааст.

Пахтакорони ноҳияи Конибодом 7132 тонна ё баробари 51,9 фоизи нақша ва кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ 11311 тонна ё баробари 44,2 фоизи нақшаи солона пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Пахтакорони ҷамоати мазкур аз аввалинҳо шуда, нақшаи пешбинишударо ба андозаи 110 фоиз иҷро намудаанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибон вимпел ва мукофотҳои пулиро мутаносибан дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор сомонӣ ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим намуда, ба чинакчиёни беҳтарин аз навоҳии пахтакор низ туҳфаҳои хотиравӣ супорид. Ҳамчунин ба шарафи ғолибон «Парчами шараф» барафрохта шуд.

Раиси вилоят пас аз супоридани тӯҳфаҳо ба ғолибон дар чорабинӣ баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки аз ҷониби пахтакорони вилоят то имрӯз ба хирмани Ватан 49254 тонна дурри гаронбаҳо рехта шудааст, ки ба 37,9 фоизи нақшаи солона баробар мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки соли равон майдони пахта дар вилояти Суғд наздик 7 ҳазор гектар зиёд карда шуд ва дар назар аст, ки имсол 130 000 тонна пахта истеҳсол карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат иброз дошт, ки пахта ҳамчун ашёи пурқиммати саноатӣ дар рушди иқтисодиёт, ғанӣ гардонидани буҷа, воридшавии асъори хориҷӣ, ташаккули маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ нақши муассир мегузорад. Таъкид шуд, ки имрӯзҳо сокинони касбу кори гуногуни шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Шаҳристон, Деваштич, Истаравшан, Истиқлол ва Исфара дар паҳлӯи марди деҳқон истода, барои ҷамъоварии пахта кӯмак намуда истодаанд. Ҳашарчиён дар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳашар баромада, барои ҳарчи бештар ғанӣ гардидани хирмани Ватан ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Бо дастури Раҷаббой Аҳмадзода шуруъ аз 1-уми октябр ба ҳар килограм пахтаи чидашуда 80 дирамӣ маблағ пардохт карда мешавад. Ҳамзамон супориш дода шуд, ки дар мусобиқаҳои оянда механизаторони беҳтарин низ қадршиносӣ карда шаванд. Инчунин бо мақсади беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил дар вилояти Суғд 60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор эълон карда шуд.

Сипас, Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ, муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод аз таваҷҷуҳу дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати беталаф ҷамъоварии ҳосили «тиллои сафед» сипосгузорӣ намуда, ҷиҳати ба майдони корзор мубаддал намудани пахтазор тамоми сокинони вилоятро даъват намуданд

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд