(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда гуруҳи беш аз 120 нафар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сохторҳои марбутаи он бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан ба марди деҳқон ба майдони пахтазор рафтанд.

Ҳашарчиён дар хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ба чиниши пахта машғул шуда, саҳми назарраси худро дар ғанӣ гардонидани хирмани тиллои сафеди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузоштанд.

Ҳашарчиён ин иқдоми некро барои кӯмаки амалӣ расонидан ба деҳқонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хуб арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки бо истифода аз ҳавои мусоид мо бояд барои бенуқсон чидани ҳар як пағаи пахта саҳмгузорӣ намоем. Зеро пахта ҳамчун ашёи хоми саноатии корхонаҳои шаҳр барои пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бисёр муҳим буда, аз пахта анвои гуногуни маҳсулотҳои рӯзмарраро истеҳсол кардан мумкин аст. Рушди соҳаҳои гуногуни халқ аз пахта вобастагии муҳим дорад. Кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд моро хушнуд намуданд ва дар як рӯзи ҳашар бо ёрдами эшон беш аз 1400 кило пахта ҷамъоварӣ карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд