(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Фестивали шаҳрии «Атласу адраси Хуҷанд - 2018» баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ қабл аз иштирок дар фестивал аз намоиши коргоҳҳои атласу адрас ошноӣ пайдо намуданд. Аз ҷумла ҶДММ ”Атласи Хуҷанд” маҷмуъи маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки рангорангии атласи хуҷандӣ дили бинандагонро тасхир менамуд.

Зимни баромади худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҷумла зикр дошт, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оид ба гузаронидани Фестивали атласу адрас, имрўз дар ин толори зебою барҳаво ва фарҳангии Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Фестивали «Атласу адраси Хуҷанд - 2018» ҳамчун намунаи барҷастаи таҷассуми фарҳанги миллӣ бо ҳадафи эҳёи арзишҳои тамаддуни таърихии тоҷикон ва гиромидошти саноати миллӣ баргузор гардида истодааст.

Маъруф Муҳаммадзода таъкид дошт, ки ин таваҷҷўҳ пеш аз ҳама дар заминаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, имкон фароҳам меорад, ки мо ба либосҳои миллӣ ҳамчун рамзи фарҳанги миллӣ дар тўли таърихи зиёда аз ҳазорсолаи давлатдорӣ муроҷиат намуда, ҳамзамон дар айёми бархурдҳои бузурги тамаддунҳои ҷомеаи муосир симои ҳақиқии як рукни муҳими миллиро ҷилвагар созем. Мардуми тоҷик дар бофту дўхти навъҳои либос ва таҳияи маводи он тавассути атласи миллӣ, адрасу шоҳӣ эътироф шудаву ҳосили он серхаридортарин шинохта шудааст. Истеҳсоли атлас, ки дар таърихи тоҷикон ҳамеша нуфузи зиёд дошт, имрўз ҳам шўҳрату мақомашро аз даст надодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки либоси миллии бонувони мо - атлас дар асрҳои 18 – 19 ҳамчун либоси дарбориёни Самарқанду Бухорову Хуҷанд истифода мешуд ва кунун дар ҳудуди Осиёи Марказӣ чун либоси ҳамагон мавриди истифода аст. Атласи абрешимӣ ва адрас, ки аз нахи пахта истеҳсол мешавад, ба духтарону бонувони мо хеле писанд аст ва онро дар иду айём ба бар мекунанд. Аз як матои атлас ё адрас чандин намуду нусхаҳои аҷиб дўхта мешаванд, ки кас аз тамошояш як ҷаҳон ҳаловат мебарад. Баҳри рушд ва дастгирии фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор соли ҷорӣ дар арафаи таҷлили Рўзи шаҳри Хуҷанд ба 40 нафар занони ҳунарманд ва эҷодкор гранти Раиси шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми умумии 165 ҳазор сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ баромад науда, аз ҷумла гуфт, ки соли 2018 бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст. Дар партави ин ташаббус баргузор шудани чунин чорабинӣ дар шаҳри Хуҷанд як навъ арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ арзёбӣ мегардад. Дар идомаи ин тадбирҳои муҳим мо бояд пайваста талош бар он намоем, ки коргоҳҳои истеҳсол ва дўхти либосҳои миллӣ, аз ҷумла атлас бо усулҳои муосир дар шаклу намудҳои мухталиф ба роҳ монда шавад ва ба туфайли он фарҳанги миллиамон муаррифӣ мегардад. Ҳоло таваҷҷўҳ ба ташкили курсҳои дўзандагӣ афзун гардида истодааст ва айни замон беш аз ҳазор нафар бонувону духтарон аз дарсҳои омўзишии курсҳои таълимии касбӣ бархурдор гардидаанд. Имрўз дар ҳудуди шаҳр 5 маркази таълимии атласу адрасбофӣ амал мекунад. Имрўз ба чеҳраҳои зебову гуворо ва таҷассуми либосҳои шинами Шумо, ки шукўҳу нусрати либоси миллиро бозтоби равшан мебахшанд, бори дигар ба назокату латофати ин падидаи неки фарҳанги миллии тоҷикон қоил мегардам, зеро либоси миллӣ таҷассумгари ҳунари дастони эъҷозофарини намояндагони миллати тоҷик аз дуртарин даврони таърихӣ маҷмўан фарҳанг ва суннатҳои хоси тамаддуни миллиро ҷилвагар сохта, то замони мо ин арзишҳоро давом бахшидааст.

Сипас, аз рӯйи шартҳои: “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси миллии арӯсиву домодӣ”, “Беҳтарин либоси рӯзмара” ва “Беҳтарин либоси идона” бо маҳсули эҷоди 21 тарроҳ ва зиёда аз 140 муаррифкунанда сурат гирифта, ғолибон муайян гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд