(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМутобиқ ба дастури Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаҳои интихоботии худ бо интихобкунандагон мулоқотҳо анҷом медиҳанд.

Мавзуъи асосии мулоқот ин тарғиби Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаҳмонидани мазмуни қарорҳои иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум аз 26 сентябри соли 2018 мебошад.

Ҳамин тавр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, Салима Каримова, Шоира Бузурукова, Гулбаҳор Маҳкамова, Анвар Яъқубӣ ва Абдулатиф Раҳимов санаи 29.09.2018 дар ҳудуди ҳавзаҳои интихоботии хеш вохӯриҳоро мегузаронанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд